https://sputnik.tj/20220407/qirghiziston-tahsil-12-sol-jori-1047428830.html
Қирғизистон ба таҳсили 12-сола гузашт: Тоҷикистон кай мегузарад
Қирғизистон ба таҳсили 12-сола гузашт: Тоҷикистон кай мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Вазорати маорифи ин кишвар, таҳсил дар макотиби миёна ҳамакнун аз синни шаш сола шурӯъ мешавад
2022-04-07T13:10+0500
2022-04-07T13:10+0500
2022-04-07T13:53+0500
қирғизистон
маориф
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041995190_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_55d3029243ee25cd465a6c07195fff90.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон мактаббачагон аз синни шашсолагӣ ба таҳсил шурӯъ мекунанд ва синфи сифр лағв мешавад. Дар ин бора Алмосбек Бейшеналиев, вазири маориф ва илми Қирғизистон дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Дафтари матбуоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қирғизистон шарҳ дод, ки дар бораи ҷорӣ кардани як соли иловагии таҳсил гап нест. Ҳамин тариқ, дар ин кишвар ҳоло синфи омодагӣ (сифр) аввал номида мешавад, дар маҷмӯъ таҳсил 12 - сола шуд."Акнун кӯдаконе, ки баъд аз гурӯҳи калон ба боғча мераванд, мактаббачагони комилҳуқуқ мешаванд. Онҳо ба синфи якум мераванд, аммо барномаи синфи якум он қадар душвор нахоҳад буд. Дар он ҷо кӯдакон таълим мегиранд" - гуфта мешавад дар хабари вазорати маориф.Феълан маълум нест, ки ин тағйирот аз кай ба ҳукми амал медарояд ва ҳамчунин номаълум аст, ки кӯдакони гурӯҳи калонҳо дар боғча омодагӣ мебинанд ё ба мактаб ба синфи якумӣ мераванд.Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам синфҳои тайёрӣ амал мекунанд. Ба синфи якум танҳо кӯдаконе қабул мешаванд, ки синну соли онҳо ба ҳафт расида бошад.Гузариш ба таълими 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2023 мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора соли гузашта мушовири директори Агентии назорати маориф ва илми назди Президент Латофат Назирӣ хабар дода буд.Ба гуфтаи собиқ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, низоми маориф дар ҷумҳурӣ ҳанӯз барои зиёд кардани давомнокии таҳсили мактаббачагон омода нест.Назирӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ёдовар шуд, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солонаи худ ба парлумон садо дода буд.Қаблан тахмин зада мешуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон омӯзиши 12-сола ҷорӣ карда мешавад.Аммо ба далели бӯҳрони молӣ тасмим гирифта шуд, ки тағирот то соли 2020 мавқуф гузошта шавад ва ҳоло баррасии ин масъала ба соли 2023 тамдид ёфт.
https://sputnik.tj/20220223/kudakoni-dehot-bogchaho-meravand-sugd-kudakiston-meravand-1046181717.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041995190_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_960979ba49c821655f9c9d72541eb999.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон таҳсил 12 сола
қирғизистон таҳсил 12 сола
Қирғизистон ба таҳсили 12-сола гузашт: Тоҷикистон кай мегузарад
13:10 07.04.2022 (Навсозишуда: 13:53 07.04.2022) Бо қарори Вазорати маорифи ин кишвар, таҳсил дар макотиби миёна ҳамакнун аз синни шаш сола шурӯъ мешавад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон мактаббачагон аз синни шашсолагӣ ба таҳсил шурӯъ мекунанд ва синфи сифр лағв мешавад. Дар ин бора Алмосбек Бейшеналиев, вазири маориф ва илми Қирғизистон дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
"Ҳоло кӯдак дар синни ҳафтсолагӣ не, балки шашсолагӣ ба синфи якум меравад ва синфи сифрӣ низ бекор мешавад. Он гоҳ кӯдак як солро аз даст намедиҳад. Мо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳем буд", - навиштааст вазир.
Дафтари матбуоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қирғизистон шарҳ дод, ки дар бораи ҷорӣ кардани як соли иловагии таҳсил гап нест. Ҳамин тариқ, дар ин кишвар ҳоло синфи омодагӣ (сифр) аввал номида мешавад, дар маҷмӯъ таҳсил 12 - сола шуд.
"Акнун кӯдаконе, ки баъд аз гурӯҳи калон ба боғча мераванд, мактаббачагони комилҳуқуқ мешаванд. Онҳо ба синфи якум мераванд, аммо барномаи синфи якум он қадар душвор нахоҳад буд. Дар он ҷо кӯдакон таълим мегиранд" - гуфта мешавад дар хабари вазорати маориф.
Феълан маълум нест, ки ин тағйирот аз кай ба ҳукми амал медарояд ва ҳамчунин номаълум аст, ки кӯдакони гурӯҳи калонҳо дар боғча омодагӣ мебинанд ё ба мактаб ба синфи якумӣ мераванд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам синфҳои тайёрӣ амал мекунанд. Ба синфи якум танҳо кӯдаконе қабул мешаванд, ки синну соли онҳо ба ҳафт расида бошад.
Гузариш ба таълими 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2023 мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора соли гузашта мушовири директори Агентии назорати маориф ва илми назди Президент Латофат Назирӣ хабар дода буд.
Ба гуфтаи собиқ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, низоми маориф дар ҷумҳурӣ ҳанӯз барои зиёд кардани давомнокии таҳсили мактаббачагон омода нест.
"Гап дар он аст, ки муассисаҳои таълимии мо барои гузариш омода нестанд" - гуфт Назирӣ.
Назирӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ёдовар шуд, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солонаи худ ба парлумон садо дода буд.
Қаблан тахмин зада мешуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон омӯзиши 12-сола ҷорӣ карда мешавад.
Аммо ба далели бӯҳрони молӣ тасмим гирифта шуд, ки тағирот то соли 2020 мавқуф гузошта шавад ва ҳоло баррасии ин масъала ба соли 2023 тамдид ёфт.