https://sputnik.tj/20250709/somon-eyr-parvoz-dushanbe-tehron-1068762953.html
Сафар ба Теҳрону Ҷидда аз сар гирифта мешавад: нархи чипта чанд аст?
Сафар ба Теҳрону Ҷидда аз сар гирифта мешавад: нархи чипта чанд аст?
Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳо аз 14-уми июли соли 2025 дар хатсайри Душанбе - Теҳрон - Душанбе ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
2025-07-09T16:02+0500
2025-07-09T16:02+0500
2025-07-09T16:02+0500
парвоз
ҳавопаймо
душанбе
дар тоҷикистон
теҳрон
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048875994_0:18:1279:737_1920x0_80_0_0_24edb8feb51859e3436ae9839437e6cd.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ду парвози мустақими байналмиллалиро барқарор месозад, дар ин бора хадамоти матбоутии ширкат иттилоъ медиҳад.Ҳамин тавр, парвозҳо аз 14-уми июл дар хатсайри Душанбе - Теҳрон - Душанбе ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа ва аз 20-уми июл дар хатсайри Душанбе - Ҷидда - Душанбе аз сар гирифта мешавад.Вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе, рӯзҳои душанбе 09:10 ва дар самти баргашт 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе 11:00, аз Теҳрон 13:50 мебошад. Парвозҳо ба Ҷидда ҳафтае як маротиба дар моҳи июл рӯзҳои якшанбе ва минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 23:00, аз Ҷидда 04:00 муайян шудааст. Тибқи нархномаи сомонаи ширкат, баҳои чиптаи самти Душанбе - Ҷидда беш аз 4 ҳаз. сомонӣ ва нархи чиптаи самти Душанбе - Теҳрон муодили 1,5 ҳаз. сомонӣ муқаррар шудааст.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ширкати эронии "Varesh Airlines" низ аз барқарории парвозҳои самти Душанбе-Машҳад-Душанбе хабар дод. Парвозҳо аз 10 июл оғоз шуда, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегирад.Бояд гуфт, парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон дар паи даргирӣ миёни Исроил ва ин кишвар мавқуф гузошта шуд.Айни замон ширкат парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20241129/tojikiston-eron-khatsayri-navi-havoi-mepayvandad-1065317492.html
душанбе
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048875994_0:0:983:737_1920x0_80_0_0_87b95a3e6cc0aa8c3881c8c9177ac162.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, душанбе, теҳрон, ҷадвали парвоз
сафар, душанбе, теҳрон, ҷадвали парвоз
Сафар ба Теҳрону Ҷидда аз сар гирифта мешавад: нархи чипта чанд аст?
Парвозҳои миёни Душанбею Теҳрон, ки дар паи нооромиҳо дар Эрон мавқуф гузошта шуд, аз 14-уми июли соли 2025 аз сар гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ду парвози мустақими байналмиллалиро барқарор месозад, дар ин бора хадамоти матбоутии ширкат иттилоъ медиҳад.
Ҳамин тавр, парвозҳо аз 14-уми июл дар хатсайри Душанбе - Теҳрон - Душанбе ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа ва аз 20-уми июл дар хатсайри Душанбе - Ҷидда - Душанбе аз сар гирифта мешавад.
Вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе, рӯзҳои душанбе 09:10 ва дар самти баргашт 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе 11:00, аз Теҳрон 13:50 мебошад.
Парвозҳо ба Ҷидда ҳафтае як маротиба дар моҳи июл рӯзҳои якшанбе ва минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 23:00, аз Ҷидда 04:00 муайян шудааст.
Тибқи нархномаи сомонаи ширкат, баҳои чиптаи самти
Душанбе - Ҷидда беш аз 4 ҳаз. сомонӣ ва нархи чиптаи самти
Душанбе - Теҳрон муодили 1,5 ҳаз. сомонӣ муқаррар шудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ширкати эронии "Varesh Airlines" низ аз барқарории парвозҳои самти Душанбе-Машҳад-Душанбе хабар дод. Парвозҳо аз 10 июл оғоз шуда, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегирад.
Бояд гуфт, парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон дар паи даргирӣ миёни Исроил ва ин кишвар мавқуф гузошта шуд.
Айни замон ширкат парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.