Тоҷикистону Эронро хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкЧеловек на взлетно-посадочной полосе в аэропорту
Человек на взлетно-посадочной полосе в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2024
Обуна шудан
Маросими имзои тафоҳумнома дар бораи барқарории парвозҳо байни шаҳри Кеши Эрон ва Душанбеи Тоҷикистон ахиран сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Мудиромили ширкати ҳавопаймоии Касриян Одил Нуралӣ, гуфт, ки барасоси барномарезӣ ҳафтае ду парвоз аз Душанбе ба Кеш ва билъакс барқарор хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Садову симои Кеш.
Оқои Нуралӣ гуфт, ки парвозҳо мустақим бо ҳавопаймои Боинг дар ду навъ парвози иқтисодӣ ва вижа барқарор хоҳанд шуд.
ӯ афзуд, ки парвоз аз Кеш ба Душанбе дар муддати замони ду соъат ва панҷоҳ дақиқа анҷом мешавад.
Мудиромили Созмони минтақаи озоди Кеш Муҳамади Кабӣр низ гуфт, ки равнақи гардишгарӣ ва тавваҷуҳ ба иқтисоди ҷазираи Кеш дар увлавияти барномаҳои созмони минтақаи озод Кеш аст.
На выставке в Тегеране были представлены самые дорогие пряности мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2024
Эрон гуфт, дар тиҷорат бо Тоҷикистон чӣ монеъ шудааст
Оқои Кабӣрии афзуд, ки ба дунболи ҷазби гардишгар аз кишварҳои ҳамсоя вадорои иштирокот фарҳангӣ ҳастем ва дар талош ҳастем битавонем бастаҳои сармоягузориро ба сармоягузорон ироа кунем.
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар ин маросим гуфт, ки ҷазираи Кеш тамоми имконотро барои тавсеа гардишгарӣ дорад ва дар наздиктарин замони парвоз аз Кеш ба Душанбе барқарор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0