Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон: Раҳмон онро саҳифаи нав дар равобит хонд

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборовро дар фурудгоҳ шахсан истиқбол гирифт, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар фурудгоҳ барои пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар як барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳия ва пешкаш карда шуд.
© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонОғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар толори фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат доир ба барномаи сафари давлатии Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад.
Президенти Қирғизистон аз фурудгоҳ ба майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе рафта бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиВизит президента Кыргызстана Садыра Жапарова в Таджикистан
Визит президента Кыргызстана Садыра Жапарова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Визит президента Кыргызстана Садыра Жапарова в Таджикистан
Сипас дар дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборов ва ҳайати ҳамроҳашро пазируфт.
Дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
“Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд”,- қайд кардааст манбаъ.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Инчунин дар музокирот роҳбарони ду давлат ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.
Ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ изҳори омодагӣ намуд.
© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ҳамчунин баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ омили муҳими таҳкимбахши робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни мардумон номида шуд.
Дар музокирот мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамкории зич барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд тиҷоратро ба ним миллиард доллар расонанд
Ҳамчунин, атрофи ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ, ИДМ, СААД, СҲШва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0