https://sputnik.tj/20250708/tojikistonu-qirghiziston-tijoratro-milliard-dollar-1068697382.html
Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд тиҷоратро ба ним миллиард доллар расонанд
Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд тиҷоратро ба ним миллиард доллар расонанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқот омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд
2025-07-08T09:36+0500
2025-07-08T09:36+0500
2025-07-08T09:36+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
тиҷорат
додугирифт
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/07/1068696996_0:525:2048:1677_1920x0_80_0_0_e83f67e05f72897b23b80a6a52becbed.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Масмъалаи афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Бакит Сидиков баррасӣ шуд.Ба иттилои дафтари матбуооти Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин мулоқот дар доираи Сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон сурат гирифт."Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.Вазири тоҷик дар ин дидор қайд кард, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳад ду давлат басанда аст.Тарафҳо ба тақвияти корҳо дар самти содагардонии расмиёти савдо, интиқол ва транзити молу маҳсулот, рақамикунонӣ ва истифодаи долонҳои тиҷоратӣ таъкид карданд.Оқои Завқизода дар ин дидор изҳор дошт, ки равобити ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам овардааст.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Хусусан ба тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.Ёдовар мешавем, ки сафари раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 8-9 июл дар назар аст. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин бо раисони ду палатаи парлумон ва нахуствазири кишвар мулоқот хоҳад кард.Ҳамзамон дар Душанбе ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва консерти "Дӯстии абадӣ" бо ширкати ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41426
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/07/1068696996_0:333:2048:1869_1920x0_80_0_0_e9437391db536fcf120d6bace0c561b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, тиҷорат, додугирифт, ҳамкорӣ, иқтисод, равобит
тоҷикистон, қирғизистон, тиҷорат, додугирифт, ҳамкорӣ, иқтисод, равобит
Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд тиҷоратро ба ним миллиард доллар расонанд
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқот омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Масмъалаи афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Бакит Сидиков баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуооти Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин мулоқот дар доираи Сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон сурат гирифт.
"Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазири тоҷик дар ин дидор қайд кард, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳад ду давлат басанда аст.
Тарафҳо ба тақвияти корҳо дар самти содагардонии расмиёти савдо, интиқол ва транзити молу маҳсулот, рақамикунонӣ ва истифодаи долонҳои тиҷоратӣ таъкид карданд.
Оқои Завқизода дар ин дидор изҳор дошт, ки равобити ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам овардааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хусусан ба тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 8-9 июл дар назар аст. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин бо раисони ду палатаи парлумон ва нахуствазири кишвар мулоқот хоҳад кард.
Ҳамзамон дар Душанбе ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва консерти "Дӯстии абадӣ" бо ширкати ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.