https://sputnik.tj/20250708/qirghiziston-darvozai-tijori-i-tojikiston-iiao-1068718991.html
Вазорати иқтисод: Қирғизистон метавонад "дарвозаи тиҷорӣ"-и Тоҷикистон дар ИИАО шавад
Вазорати иқтисод: Қирғизистон метавонад "дарвозаи тиҷорӣ"-и Тоҷикистон дар ИИАО шавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд дар ояндаи наздик афзоиши тиҷорати дуҷонибаро ба таври назаррас афзоиш диҳанд
2025-07-08T17:49+0500
2025-07-08T17:49+0500
2025-07-08T17:49+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ииао
қирғизистон
авруосиё
равобит
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Қирғизистон дорои иқтидори назарраси тиҷорӣ ва логистикӣ мебошад, ки метавонад ҳамчун як платформа барои воридшавии колоҳои Тоҷикистон ба бозорҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шавад.Дар ин бора намояндаи вазорати иқтисоди Қирғизистон Нурсултон Кубаничбек уулу дар пахши барномаи радиоӣ хабар дод.Айни замон барои ба 500 миллион доллар расондани ҳаҷми гардиши мол миёни Қирғизистону Тоҷикистон чораҳо андешида мешаванд, гуфт ӯ."Қирғизистон иштирокчии низоми имтиёзҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба кишвар дастраси ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкон медиҳад. Дар ин замина ҷумҳурӣ як навъ "дарвоза" тиҷорати байналмилалӣ барои маҳсулоти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вазифаи афзоиши тиҷорати дуҷониба дар ояндаи наздик амалӣ карда мешавад", - изҳор дошт намояндаи вазорати иқтисоди Қирғизистон.Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон имзои як қатор санадҳои дуҷониба сурат гирифт. Аз ҷумла, миёни Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон ва ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон созишномаҳои нав ба имзо расид.Санадҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, интиқоли молу коло ва инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои навро дар бар мегиранд, ки ба гуфтаи намояндаи вазорати иқтисоди Қирғизистон бояд як ангезаи иловагӣ барои рушди тиҷорати мутақобила шаванд.Илова бар ин, музокирот барои ташкили интиқоли сурма аз Тоҷикистон ба Қирғизистон идома дорад.
https://sputnik.tj/20250708/dodugirifti-tojikiston-qirghiziston-panj-moh-afzoish-1068698300.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, иқтисод
тоҷикистон, қирғизистон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, иқтисод
Вазорати иқтисод: Қирғизистон метавонад "дарвозаи тиҷорӣ"-и Тоҷикистон дар ИИАО шавад
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд дар ояндаи наздик афзоиши тиҷорати дуҷонибаро ба таври назаррас афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Қирғизистон дорои иқтидори назарраси тиҷорӣ ва логистикӣ мебошад, ки метавонад ҳамчун як платформа барои воридшавии колоҳои Тоҷикистон ба бозорҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шавад.
Дар ин бора намояндаи вазорати иқтисоди Қирғизистон Нурсултон Кубаничбек уулу дар пахши барномаи радиоӣ хабар дод.
Айни замон барои ба 500 миллион доллар расондани ҳаҷми гардиши мол миёни Қирғизистону Тоҷикистон чораҳо андешида мешаванд, гуфт ӯ.
"Қирғизистон иштирокчии низоми имтиёзҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба кишвар дастраси ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкон медиҳад. Дар ин замина ҷумҳурӣ як навъ "дарвоза" тиҷорати байналмилалӣ барои маҳсулоти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вазифаи афзоиши тиҷорати дуҷониба дар ояндаи наздик амалӣ карда мешавад", - изҳор дошт намояндаи вазорати иқтисоди Қирғизистон.
Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон имзои як қатор санадҳои дуҷониба сурат гирифт. Аз ҷумла, миёни Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон ва ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон созишномаҳои нав ба имзо расид.
Санадҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, интиқоли молу коло ва инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои навро дар бар мегиранд, ки ба гуфтаи намояндаи вазорати иқтисоди Қирғизистон бояд як ангезаи иловагӣ барои рушди тиҷорати мутақобила шаванд.
Илова бар ин, музокирот барои ташкили интиқоли сурма аз Тоҷикистон ба Қирғизистон идома дорад.