https://sputnik.tj/20250708/dodugirifti-tojikiston-qirghiziston-panj-moh-afzoish-1068698300.html
Додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон дар панҷ моҳ 29,8% афзоиш ёфт
Додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон дар панҷ моҳ 29,8% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар панҷ моҳи соли равон гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил додааст
2025-07-08T11:01+0500
2025-07-08T11:01+0500
2025-07-08T11:01+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
додугирифт
тиҷорат
ҳамкорӣ
иқтисод
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/08/1064642187_0:300:3071:2027_1920x0_80_0_0_5e1278f529aea0b861df64cfb6ba0a7e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ – майи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,4 миллион доллар ё 29,8 фоиз зиёд мебошад.Ба иттилои манбаъ, дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 1,3 млн. доллар ба содирот ва 4,8 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.Бояд гуфт, ки қаблан вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2024 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 12,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,5 миллион доллар ё 4,3% зиёд мебошад.Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 0,7 миллион доллар ба содирот ва 11,5 миллион доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меомад. Дар соли 2024 дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон Қирғизистон дар ҷойи 30-юм қарор гирифта буд, ҳиссаи он дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 0,1%-ро ташкил намуда буд.Агентии омор қайд кардааст, ки рушди ин ҳамкорӣ барои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои тоҷику қирғиз мусоидат менамояд.Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.Ҳамкории иқтисодӣ дар муносибатҳои дуҷониба на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба таҳкими субот, сулҳ ва муносибатҳои сиёсӣ мусоидат мекунанд.“Давлатҳо тавассути ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва инфрасохтор метавонанд манфиатҳои муштаракро ҳифз намуда, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро тақвият бахшанд”, - қайд кардааст Агентии омор.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд тиҷоратро ба ним миллиард доллар расонандМасмъалаи афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Бакит Сидиков баррасӣ шуд."Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.Вазири тоҷик дар ин дидор қайд кард, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳад ду давлат басанда аст.
https://sputnik.tj/20250708/tojikistonu-qirghiziston-tijoratro-milliard-dollar-1068697382.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/08/1064642187_192:0:2923:2048_1920x0_80_0_0_19ba1a1334b2d5071d30f3ec685c8f1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, додугирифт, тиҷорат, афзоиш.ю гардиши савдо, иқтисод, равобит
тоҷикистон, қирғизистон, додугирифт, тиҷорат, афзоиш.ю гардиши савдо, иқтисод, равобит
Додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон дар панҷ моҳ 29,8% афзоиш ёфт
Дар панҷ моҳи соли равон гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ – майи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,4 миллион доллар ё 29,8 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 1,3 млн. доллар ба содирот ва 4,8 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Бояд гуфт, ки қаблан вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2024 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 12,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,5 миллион доллар ё 4,3% зиёд мебошад.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 0,7 миллион доллар ба содирот ва 11,5 миллион доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меомад. Дар соли 2024 дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон Қирғизистон дар ҷойи 30-юм қарор гирифта буд, ҳиссаи он дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 0,1%-ро ташкил намуда буд.
Агентии омор қайд кардааст, ки рушди ин ҳамкорӣ барои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои тоҷику қирғиз мусоидат менамояд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Ҳамкории иқтисодӣ дар муносибатҳои дуҷониба на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба таҳкими субот, сулҳ ва муносибатҳои сиёсӣ мусоидат мекунанд.
“Давлатҳо тавассути ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва инфрасохтор метавонанд манфиатҳои муштаракро ҳифз намуда, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро тақвият бахшанд”, - қайд кардааст Агентии омор.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд тиҷоратро ба ним миллиард доллар расонанд
Масмъалаи афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Бакит Сидиков баррасӣ шуд.
"Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазири тоҷик дар ин дидор қайд кард, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳад ду давлат басанда аст.