https://sputnik.tj/20250707/malum-shud-ki-jabborov-kay-bo-safari-davlati-ba-tojikiston-meoyad-1068682110.html
Маълум шуд, ки Ҷабборов кай бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
Маълум шуд, ки Ҷабборов кай бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Дар чаҳорчӯби ин сафар қарор аст, ки Ҷабборов бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо раисони ду палатаи порлумон ва нахуствазирии кишвар дидору мулоқот мекунад
2025-07-07T11:57+0500
2025-07-07T11:57+0500
2025-07-07T12:04+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1f/1066783189_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_3d3d3890957dc8d73207f81f2b4b5345.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.Дар ин бора Сағинбек Абдумуталип, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсати ҷумҳури ин кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, қарор аст, ки рӯзҳои 8-9 июл доир гардад.Таъкид мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар Ҷабборов бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо раисони ду палатаи порлумон ва нахуствазирии кишвар дидору мулоқот мекунад.Интизор меравад, ки президентҳо изҳороти муштарак қабул ва як қатор санадҳоро имзо кунанд. Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи кишвар бо ҳамтои қирғизаш Кулубоев сафари дарпешистодаи кишвардори Қирғизистонро баррасӣ карда буданд.Ҷонибҳо ҳамчунин, аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар пайи сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи марти соли 2025-ро таъкид кардаанд.Ба масъалаҳои анҷоми аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи ҷонибҳо, ҳалли ниҳоии марзҳо заминаи субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250705/dushanbe-forum-sohibkoron-tojikiston-qirghiziston-1068649871.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1f/1066783189_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_1d0a64d78dc244cb039c6d3ee6c1a6f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов сафар давлатӣ тоҷикистон
ҷабборов сафар давлатӣ тоҷикистон
Маълум шуд, ки Ҷабборов кай бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
11:57 07.07.2025 (Навсозишуда: 12:04 07.07.2025) Дар чаҳорчӯби ин сафар қарор аст, ки Ҷабборов бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо раисони ду палатаи порлумон ва нахуствазирии кишвар дидору мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора Сағинбек Абдумуталип, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсати ҷумҳури ин кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, қарор аст, ки рӯзҳои 8-9 июл доир гардад.
Таъкид мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар Ҷабборов бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо раисони ду палатаи порлумон ва нахуствазирии кишвар дидору мулоқот мекунад.
Интизор меравад, ки президентҳо изҳороти муштарак қабул ва як қатор санадҳоро имзо кунанд.
"Ғайр аз ин, ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин консерти "Дӯстии абадӣ" бо иштироки ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад", - қайд кард Абдумуталип.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи кишвар бо ҳамтои қирғизаш Кулубоев сафари дарпешистодаи кишвардори Қирғизистонро баррасӣ карда буданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар пайи сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи марти соли 2025-ро таъкид кардаанд.
Ба масъалаҳои анҷоми аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи ҷонибҳо, ҳалли ниҳоии марзҳо заминаи субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад шуд.