https://sputnik.tj/20250705/dushanbe-forum-sohibkoron-tojikiston-qirghiziston-1068649871.html
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Форум аз рӯи самтҳои сайёҳӣ, истеҳсолот, фурӯши чакана ва яклухт доир карда мешавад 05.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-05T11:56+0500
2025-07-05T11:56+0500
2025-07-05T11:56+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
форум
соҳибкор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Душанбе мизбони Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.Бар хабари манбаъ, форуми соҳибкорони тоҷику қирғиз рӯзҳои 7-8 июл баргузор мешгардад.Манбаъ меафзояд, рӯзи 7 июл барои иштирокдорони форум аз рӯи самтҳои зерин: сайёҳӣ, истеҳсолот, фурӯши яклухт ва чакана чорабинӣ доир мегардад. Зимнан, рӯзи 8 июл Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон дар "Кохи Истиқлол" доир мегардад. Дар форум нахуст навори видеоӣ дар мавзӯи "Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон" манзури иштирокдорон мешавад.Кори форум дар ҷаласаҳои панелӣ, дар мавзӯъҳои "Таҷриба хусусии ду кишвар", "Сармоягузорӣ ба ояндаи минтақаҳо" ва "Уфуқҳои нави ҳамкории сармоягузорӣ" идома меёбад.Дар форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва ҳамтоёни онҳо аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок мекунанд.Манбаъ қайд намуд, ки форум бо тамошои барномаи фарҳангӣ дар "Кохи Борбад" анҷом меёбад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/40318
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, форум, соҳибкор, иқтисод
дар тоҷикистон, қирғизистон, форум, соҳибкор, иқтисод
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад
Форум аз рӯи самтҳои сайёҳӣ, истеҳсолот, фурӯши чакана ва яклухт доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Душанбе мизбони Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, форуми соҳибкорони тоҷику қирғиз рӯзҳои 7-8 июл баргузор мешгардад.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 7 июл барои иштирокдорони форум аз рӯи самтҳои зерин: сайёҳӣ, истеҳсолот, фурӯши яклухт ва чакана чорабинӣ доир мегардад.
Зимнан, рӯзи 8 июл Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон дар "Кохи Истиқлол" доир мегардад. Дар форум нахуст навори видеоӣ дар мавзӯи "Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон" манзури иштирокдорон мешавад.
Кори форум дар ҷаласаҳои панелӣ, дар мавзӯъҳои "Таҷриба хусусии ду кишвар", "Сармоягузорӣ ба ояндаи минтақаҳо" ва "Уфуқҳои нави ҳамкории сармоягузорӣ" идома меёбад.
Дар форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва ҳамтоёни онҳо аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок мекунанд.
Манбаъ қайд намуд, ки форум бо тамошои барномаи фарҳангӣ дар "Кохи Борбад" анҷом меёбад.