https://sputnik.tj/20250707/kohishi-narkhi-naftu-dollar-qimati-chiptai-dushanbe-maskav-garon-1068682597.html
Коҳиши нархи нафту доллар таъсир накард: Қимати чиптаи Душанбе – Маскав боз гарон шудааст
Коҳиши нархи нафту доллар таъсир накард: Қимати чиптаи Душанбе – Маскав боз гарон шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки танҳо дар моҳи май нархи чиптаи парвоз ба самти Душанбе Маскав 0,4% гаронтар шудааст
2025-07-07T13:32+0500
2025-07-07T13:32+0500
2025-07-07T13:32+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
гарон
билет
чипта
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_76:0:2976:1631_1920x0_80_0_0_cb4328f564be6f6137d24f105186954c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Новобаста аз поинравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва поинравии арзиши доллар дар бозорҳои арзи Русия ва Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопаймо ба самти Душанбе – Маскав боло рафтааст.Ба иттилои Агентии Омори Тоҷикистон танҳо дар моҳи май қимати чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе – Маскав 0,4% боло рафтааст.“Индекси нарху таърифаи хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, дар моҳи майи соли 2025-ум 0,2% қимат шудааст, ки асосан аз ҳисоби хизматрасонии хӯроки умумӣ – 2,9%, хизматрасониҳои нақлиётӣ – 0,9% (хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ – 0,2%, арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ хатсайри Душанбе – Москва – 0,4%); арзиши хизматрасониҳои маишӣ – 0,3% ба миён омадааст”, - қайд кардааст Агентии омор.Аз аввали соли 2025 арзиши таърифаи хизматрасонии пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, умуман – 3,8 фоиз афзоиш ёфтааст.Ба иттилои ҳамин ниҳод, ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ – 7%, хизматрасониҳои таъмири хона – 5%, арзиши дӯхти куртаи занона – 5,1%, хизматрасонии хушкашӯӣ – 1,5% ва хизматрасониҳои маишӣ – 1,4% ба қайд гирифта шудааст.Дар ҳамин ҳол, Агентии Омор хабар додааст, ки арзиши пардохти гази моеъ – 6,3% коҳиш ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Раиси Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистонро ба гаронии нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт дод.Вай гуфта буд, ки тибқи ҳисобукитоб таркиби нархи чиптаи ҳавопайморо аз 40 то 45 фоиз арзиши сӯзишворӣ ташкил медиҳад ва чун маводи сӯхти воридотӣ дар кишвар гарон аст, нархи чипта низ нисбатан қимат мебошад.
https://sputnik.tj/20221212/parvoz-bilet-havopaymoho-sharh-vakili-sabuki-andoz-1053439611.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_bfde5324eb1489359f30081e2109c1ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маскав, гарон, билет, чипта, омор, гарон, парвоз
тоҷикистон, маскав, гарон, билет, чипта, омор, гарон, парвоз
Коҳиши нархи нафту доллар таъсир накард: Қимати чиптаи Душанбе – Маскав боз гарон шудааст
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки танҳо дар моҳи май нархи чиптаи парвоз ба самти Душанбе Маскав 0,4% гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Новобаста аз поинравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва поинравии арзиши доллар дар бозорҳои арзи Русия ва Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопаймо ба самти Душанбе – Маскав боло рафтааст.
Ба иттилои Агентии Омори Тоҷикистон танҳо дар моҳи май қимати чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе – Маскав 0,4% боло рафтааст.
“Индекси нарху таърифаи хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, дар моҳи майи соли 2025-ум 0,2% қимат шудааст, ки асосан аз ҳисоби хизматрасонии хӯроки умумӣ – 2,9%, хизматрасониҳои нақлиётӣ – 0,9% (хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ – 0,2%, арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ хатсайри Душанбе – Москва – 0,4%); арзиши хизматрасониҳои маишӣ – 0,3% ба миён омадааст”, - қайд кардааст Агентии омор.
Аз аввали соли 2025 арзиши таърифаи хизматрасонии пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, умуман – 3,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳод, ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ – 7%, хизматрасониҳои таъмири хона – 5%, арзиши дӯхти куртаи занона – 5,1%, хизматрасонии хушкашӯӣ – 1,5% ва хизматрасониҳои маишӣ – 1,4% ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Агентии Омор хабар додааст, ки арзиши пардохти гази моеъ – 6,3% коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Раиси Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистонро ба гаронии нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт дод.
Вай гуфта буд, ки тибқи ҳисобукитоб таркиби нархи чиптаи ҳавопайморо аз 40 то 45 фоиз арзиши сӯзишворӣ ташкил медиҳад ва чун маводи сӯхти воридотӣ дар кишвар гарон аст, нархи чипта низ нисбатан қимат мебошад.