https://sputnik.tj/20221212/parvoz-bilet-havopaymoho-sharh-vakili-sabuki-andoz-1053439611.html
Парвоз зиёд, билет арзон, ҳавопаймоҳо нав мешаванд: Вакили тоҷик аз оқибати сабукиҳо гуфт
Парвоз зиёд, билет арзон, ҳавопаймоҳо нав мешаванд: Вакили тоҷик аз оқибати сабукиҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андози ҷумҳуриро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ сабукиҳо медиҳанд, тавзеҳ дод
2022-12-12T09:45+0500
2022-12-12T09:45+0500
2022-12-12T10:07+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
парвоз
нақлиёт
чипта
ҳавопаймо
арзон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_0:0:3352:1887_1920x0_80_0_0_071e30471bab57e789d8627a2f7975b0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Сабукиҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ барои мусофиронро зиёду нархи чиптаро арзон мекунад. Ин нуктаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода таъкид кардааст. Вай дар шарҳи тағйироти қабулшуда ба Кодекси андоз дар нашрияи парлумонии "Садои мардум" таъкид кардааст, ки ин тарҳ барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳо, идораи беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳо, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ мусоидат менамояд. Вакил таъкид намудаст, ки дар ҳоли ҳозир номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳо барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, даромадҳои ғайрирезидент аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоии ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андози даромад озод карда мешаванд.Инчунин воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти худи киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд. Дар баробари хизматрасониҳои лизинги ширкатҳои ғайрирезидентӣ ба ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад.Сабукиҳои мазкур барои 5 сол муқаррар шуда, интизор меравад, ки то соли 2027 амал мекунанд.
https://sputnik.tj/20221211/shirkat-havopaymoi-tojikiston-andoz-ozod-1053438322.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_338:0:3069:2048_1920x0_80_0_0_3bff555fd5748df34ab46c36d6eb7284.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, вакил, тоҷик, сабукӣ, андоз
шарҳ, вакил, тоҷик, сабукӣ, андоз
Парвоз зиёд, билет арзон, ҳавопаймоҳо нав мешаванд: Вакили тоҷик аз оқибати сабукиҳо гуфт
09:45 12.12.2022 (Навсозишуда: 10:07 12.12.2022) Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андози ҷумҳуриро, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ сабукиҳо медиҳанд, тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Сабукиҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ барои мусофиронро зиёду нархи чиптаро арзон мекунад.
Ин нуктаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода таъкид кардааст.
Вай дар шарҳи тағйироти қабулшуда ба Кодекси андоз дар нашрияи парлумонии "Садои мардум" таъкид кардааст, ки ин тарҳ барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳо, идораи беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳо, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ мусоидат менамояд.
Вакил таъкид намудаст, ки дар ҳоли ҳозир номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳо барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Бар асоси тағйироти қабулшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, даромадҳои ғайрирезидент аз иҷораи ҳавопаймо, чархбол ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоии ширкатҳои ватанӣ аз пардохти андози даромад озод карда мешаванд.
Инчунин воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои ҳавопаймою чархбол, воридоти худи киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд.
Дар баробари хизматрасониҳои лизинги ширкатҳои ғайрирезидентӣ ба ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад.
Сабукиҳои мазкур барои 5 сол муқаррар шуда, интизор меравад, ки то соли 2027 амал мекунанд.