https://sputnik.tj/20250707/jabborov-meoyand-eloni-rohbandi-dushanbe-1068694974.html
Ҷабборов меоянд: Эълони роҳбанди дар Душанбе
Ҷабборов меоянд: Эълони роҳбанди дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзи 8 июли соли равон барои ҳаракат аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд
2025-07-07T17:34+0500
2025-07-07T17:34+0500
2025-07-07T17:34+0500
дар тоҷикистон
душанбе
нақлиёт
ҳаракат
маҳдудият
роҳбандӣ
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101433/45/1014334528_0:145:1600:1045_1920x0_80_0_0_eb1e8770accdc1ebed06bca56797745d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳаракати мошинҳо дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бино бар сафари расмии Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад.Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе хабар дод.Ҳамин тавр рӯзи 8 июл ҳаракати тавассути кӯчаҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ ва Хиёбони Рӯдакӣ маҳдуд мегарданд.Инчунин, давоми ҳамин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои С.Носиров, Карамов ва Н.Ганҷавӣ муваққатан маҳдуд карда мешаванд.ВКД аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.Ҳамзамон БДА хоҳиш кардааст, ки аз тавақкуфи бемаврид дар кӯчаҳои зикргардида худдорӣ намоянд.Ин маҳдудиятҳои муваққатӣ ба оғози сафари давлатии раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон марбут мебошад.Сафари раҳбари Қирғизистон рӯзҳои 8-9 июл дар назар аст. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин бо раисони ду палатаи парлумон ва нахуствазири кишвар мулоқот хоҳад кард.Ҳамзамон дар Душанбе ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва консерти "Дӯстии абадӣ" бо ширкати ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20250707/malum-shud-ki-jabborov-kay-bo-safari-davlati-ba-tojikiston-meoyad-1068682110.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101433/45/1014334528_8:0:1592:1188_1920x0_80_0_0_4a9d8b3e3e3647c966ef859e0f8fd948.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, роҳбандӣ, душанбе, вкд, эълон, маҳдудият, ҳаракат, нақлиёт
тоҷикистон, қирғизистон, роҳбандӣ, душанбе, вкд, эълон, маҳдудият, ҳаракат, нақлиёт
Ҷабборов меоянд: Эълони роҳбанди дар Душанбе
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзи 8 июли соли равон барои ҳаракат аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳаракати мошинҳо дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бино бар сафари расмии Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилаи дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ҳамин тавр рӯзи 8 июл ҳаракати тавассути кӯчаҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ ва Хиёбони Рӯдакӣ маҳдуд мегарданд.
Инчунин, давоми ҳамин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои С.Носиров, Карамов ва Н.Ганҷавӣ муваққатан маҳдуд карда мешаванд.
ВКД аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Ҳамзамон БДА хоҳиш кардааст, ки аз тавақкуфи бемаврид дар кӯчаҳои зикргардида худдорӣ намоянд.
Ин маҳдудиятҳои муваққатӣ ба оғози сафари давлатии раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон марбут мебошад.
Сафари раҳбари Қирғизистон рӯзҳои 8-9 июл дар назар аст. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин бо раисони ду палатаи парлумон ва нахуствазири кишвар мулоқот хоҳад кард.
Ҳамзамон дар Душанбе ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва консерти "Дӯстии абадӣ" бо ширкати ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.