Даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон

© Foto / Открытые источникиТамара Абдушукурова собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон
Тамара Абдушукурова собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2025
Обуна шудан
Тамара Абдушукурова, ҳунарпешаву коргардони тоҷик ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон имрӯз дар 85-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Тамара Абдушукурова хабар дод.
Вазорат ба пайвандон ва наздикони ин ситораи пурҷилои соҳаи фарҳанг, ҳамдардии амиқ баён кардааст.
“Тамара Абдушукурова намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ даргузашти Тамара Абдушукурова ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар донистааст.
Раиси шаҳри Душанбе низ дар як паёме бинобар даргузашти Тамара Абдушукурова изҳори ҳамдардӣ баён намуд.
Тамара Абдушукурова, ҳунарпешаву коргардони тоҷик ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон 85-сол дошт.
Народный артист Таджикистана Асланшох Рахматуллоев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2025
Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт
Тамара Абдушукурова ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик буд. Ӯ 24-уми августи соли 1940 дар ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст.
Номбурда хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи Маскав (ГИТИС) буда, солҳо дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият кардааст.
Ин ҳунарпешаи тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон чандин сол ба ҳайси омӯзгор кор карда, як муддат низ муовин сипас ба ҳайси ректори донишкадаи мазкур кор кард.
Тамара Абдушукурова солҳои 1990-1992 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.
Тамара Абдушукурова Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ буда.
Лентаи хабарҳо
0