https://sputnik.tj/20250427/aslansho-rahmatulloev-hunarmand-mardumi-tojikiston-darguzasht-1067136420.html
Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт
Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Марҳум ҳам дар саҳнаи театр ҳунарнамоии хуб дошт ва ҳам дар кино истеъдоди фавқулодаи худро зиёд нишон додааст
2025-04-27T14:25+0500
2025-04-27T14:25+0500
2025-04-28T11:17+0500
дар тоҷикистон
ҳунарманд
даргузашт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
асланшо раҳматуллоев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067145923_0:2:716:405_1920x0_80_0_0_9d8c71dda19ae762fc4a495bc4f827d3.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Асланшо Раҳматуллоев ҳунарпешаи театру синамо имрӯз, 27 апрел аз дунё даргузашт.Дар ин бора пайвандону дӯстон ва ҳаводорони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо афсӯси зиёд хабар доданд.Раҳматуллоев 70 сол умр дошт ва маълумот дар бораи иллати маргаш рӯи даст нест.Маврид ба зикр аст, ки Асланшо Раҳматуллоев соли 1998 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2005 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро сазовор гардид.Бояд гуфт, писари ӯ Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев низ ҳунарпешаи театру синамо мебошад.Асланшо Раҳматуллоев кист?Раҳматулллоев Асланшо 23 сентябри соли 1954 дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кардааст.Аз соли 1994 актёр ва коргардони Театри миниатюраи "Оина" мебошад. Дар "Гамлет", "Корвони бахт", "Ҳодисаҳои ғайриоддӣ", "Гилеми кабуд", "Шоҳ Лир", "Роҳзанон", "Мардон намегирянд", "Вақте шаҳр хобидааст", "Ғуруби Аҷам" барин спектаклҳои театр хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст.Марҳум дар зиёда аз 21 филми бадеӣ нақш офаридааст ва ҳамзамон дар беш аз 8 филми истеҳсоли дигар давлатҳо нақш бозидааст.
https://sputnik.tj/20250408/darguzashti-astrofiziki-shinokhtai-tojik-kometa-1066906110.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067145923_0:0:716:537_1920x0_80_0_0_b1b8a5b14f6f8edbb3386a54ea15863e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
асланшоҳ раҳматуллоев даргузашт
асланшоҳ раҳматуллоев даргузашт
Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт
14:25 27.04.2025 (Навсозишуда: 11:17 28.04.2025) Марҳум ҳам дар саҳнаи театр ҳунарнамоии хуб дошт ва ҳам дар кино истеъдоди фавқулодаи худро зиёд нишон додааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Асланшо Раҳматуллоев ҳунарпешаи театру синамо имрӯз, 27 апрел аз дунё даргузашт.
Дар ин бора пайвандону дӯстон ва ҳаводорони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо афсӯси зиёд хабар доданд.
Раҳматуллоев 70 сол умр дошт ва маълумот дар бораи иллати маргаш рӯи даст нест.
Маврид ба зикр аст, ки Асланшо Раҳматуллоев соли 1998 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2005 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро сазовор гардид.
Бояд гуфт, писари ӯ Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев низ ҳунарпешаи театру синамо мебошад.
Асланшо Раҳматуллоев кист?
Раҳматулллоев Асланшо 23 сентябри соли 1954 дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.
Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кардааст.
Аз соли 1994 актёр ва коргардони Театри миниатюраи "Оина" мебошад. Дар "Гамлет", "Корвони бахт", "Ҳодисаҳои ғайриоддӣ", "Гилеми кабуд", "Шоҳ Лир", "Роҳзанон", "Мардон намегирянд", "Вақте шаҳр хобидааст", "Ғуруби Аҷам" барин спектаклҳои театр хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст.
Марҳум дар зиёда аз 21 филми бадеӣ нақш офаридааст ва ҳамзамон дар беш аз 8 филми истеҳсоли дигар давлатҳо нақш бозидааст.