БРИКС дар ҳаҷми ММД аз G7 пеш гузашт - Путин

© Sputnik / POOL / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин провел совещание по экономическим вопросам
Президент Владимир Путин провел совещание по экономическим вопросам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия аз ҳамтоёнаш аз дар БРИКС даъват кард, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила истифодаи арзҳои миллиро боз ҳам васеътар кунанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. БРИКС аз рӯи ҳаҷми ММД аз “ҳафтгонаи бузург” пеш гузашт, гуфт Владимир Путин, зимни як нишасти созмон ба таври онлайнӣ.
Кишварҳои БРИКС, қайд кард ӯ, на танҳо сеяки масоҳати замин ва қариб нисфи аҳолии сайёра, балки 40 дарсади иқтисоди ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ дар соли 2025 аллакай ба 77 триллион доллар мерасад.
"Дар омади гап, дар ин нишондиҳанда БРИКС аз баъзе созмонҳои дигар, аз ҷумла "Гурӯҳи ҳафтгона" ба таври қобили мулоҳиза болотар аст - 57 триллион доллар дорад", - таъкид кард ӯ.
Путин ёдовар шуд, ки пас аз тасмим дар бораи таъсиси ниҳоди кишварҳои шарики ин иттиҳодия, 10 давлат дар ин мақом ба БРИКС пайвастаанд.
"Иттиҳодияи мо ба таври қобили мулоҳиза тавсеъа ёфта ва давлатҳои пешрафтаи Авруосиё, Африқо, Ховари Миёна ва Амрикои Лотиниро дар бар мегирад. Дар якҷоягӣ мо дар ҳақиқат потенсиали бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, технологӣ ва инсонӣ дорем",- мегӯяд раҳбари Русия.
БРИКС дар байни кишварҳои ҷаҳонии Ҷанубу Шарқ ҳамфикрони зиёде дорад. Онҳоро фарҳанги шарикӣ ва ҳамкории ошкоро, эҳтироми мутақобила ва баррасии андешаи ҳамдигар, ки дар иттиҳодия ба вуҷуд омадааст, муттаҳид мекунад.
Ба гуфтаи Путин, сарфи назар аз он, ки кишварҳои узви БРИКС моделҳои мухталифи рушд, динҳо, тамаддунҳо ва фарҳангҳои асилро намояндагӣ мекунанд, ҳама ҷонибдори баробарӣ ва ҳамсоягии нек, авлавияти арзишҳои суннатӣ, идеалҳои баланди дӯстиву рафоқат ҳастанд ва саъй мекунанд, ки дар таъмини суботу амнияти ҷаҳонӣ, шукуфоӣ ва некӯаҳволии умумибашарӣ саҳми арзанда гузоранд.
Сбор зерна в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2025
Кишварҳои БРИКС биржаи умумии ғалларо таъсис медиҳанд
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Русия гуфт, дар ҷаҳон тағйироти ҷиддие дар пеш аст.
"Системаи якқутби муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба манофеъи ба истилоҳ миллиарди тиллоӣ хидмат мекард, чизи гузашта шуда истодааст. Ҷои онро ҷаҳони одилонатар ва бисёрқутбӣ мегирад", - таъкид кард ӯ.
Ин раванди тағйир додани тартиботи иқтисодии ҷаҳон бо суръат давом дорад.
"Модели глобализатсияи либералӣ кӯҳна мешавад, маркази фаъолияти соҳибкорӣ ба сӯи бозорҳои рӯ ба тараққӣ мегузарад, ки мавҷи пурқудрати рушдро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла дар кишварҳои узви БРИКС", - қайд кард президенти Русия.
Вай хостори густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви БРИКС дар бахшҳое чун фанноварӣ, рушди муассири манобеъ, логистика ва бима, тиҷорат ва молия шуд. Зарур аст, ки истифодаи пули миллиро дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила боз ҳам васеътар кард, фикр мекунад ӯ.
"Дар омади гап, истифодаи пули миллӣ дар муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои мо пайваста афзоиш меёбад: дар соли 2024 ҳиссаи пули миллии мо, рубл ва асъори кишварҳои дӯст дар ҳисоббаробаркуниҳои Русия бо кишварҳои дигари БРИКС 90 дарсадро ташкил дод", - таъкид кард ӯ.
Президент дар бораи вазифаҳои муттаҳидсозии сармоягузориҳои мутақобила, аз ҷумла тавассути механизмҳои БРИКС ва дар навбати аввал Бонки нави рушд сухан гуфт.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2025
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС -ро надорад
Вай аз равандҳои ташкили биржаи ғалладона, маркази таҳқиқотии иқлим, платформаи логистикии доимӣ, барномаи ҳамкориҳои варзишӣ дар БРИКС, ҳамчунин ташаккули шарикӣ дар бозорҳои карбон, маркази сармоягузории ҳакамӣ, платформаи рақобати одилона ва котиботи доимии андоз дар чаҳорчӯби БРИКС ситоиш кард.
Илова бар ин, Путин ёдовар шуд, ки озмуни маъруфи таронаҳои "Интервидение" моҳи сентябр дар Маскав баргузор мешавад.
"Ин озмун аллакай таваҷҷуҳи зиёд ба бор овардааст, ҳунармандон аз бисёре кишварҳои БРИКС ва кишварҳои шарики иттиҳодияи мо иштироки худро тасдиқ карданд", - таъкид кард ӯ.
Путин қайд кард, ки лоиҳаи густурдаи башардӯстона ба пешбурди арзишҳои умумибашарӣ, фарҳангӣ, оилавӣ ва маънавӣ нигаронида шудааст, ки ба ҳамаи кишварҳои иттиҳодия шариканд.
Лентаи хабарҳо
0