https://sputnik.tj/20250211/muhriddin-tojikiston-naqsha-payvastan-briks-nadorad-1066180475.html
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС -ро надорад
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС -ро надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба ин иттиҳодияи байналмилалиро надорад
2025-02-11T12:53+0500
2025-02-11T12:53+0500
2025-02-11T12:53+0500
дар тоҷикистон
брикс
сиёсат
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_0:89:3000:1777_1920x0_80_0_0_33b20c238907d244bac3aff0141db0d0.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС-ро надорад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон посух дод.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ аз аҳамияти БРИКС ёдовар шуд ва гуфт, ин созмон василаи муқовимат бо кишварҳои Ғарб нест."БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест, мо бар зидди касе кор намекунем, мо барои манфиатҳои худ, ба манфиати кишварҳои узви ин созмон кор мекунем, мо дар чаҳорчӯби БРИКС ягон барномаи зиддиятнокро эҷод намекунем", таъкид карда буд Путин.БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.
https://sputnik.tj/20241219/putin-briks-vasilai-muqovimat-gharb-nest-1065581413.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d4231890daa7321d6d91831bdf070238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон вух сироҷиддин муҳриддин брикс
тоҷикистон вух сироҷиддин муҳриддин брикс
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС -ро надорад
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба ин иттиҳодияи байналмилалиро надорад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС-ро надорад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон посух дод.
"То ҳол аз ин созмон пешниҳоди дахлдор нарасидааст ва аз ин рӯ, Душанбеи расмӣ барои пайвастан ба БРИКС тадбирҳо пешбинӣ накардааст", - тавзеҳ дод вазир.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ аз аҳамияти БРИКС ёдовар шуд ва гуфт, ин созмон василаи муқовимат бо кишварҳои Ғарб нест.
"БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест, мо бар зидди касе кор намекунем, мо барои манфиатҳои худ, ба манфиати кишварҳои узви ин созмон кор мекунем, мо дар чаҳорчӯби БРИКС ягон барномаи зиддиятнокро эҷод намекунем", таъкид карда буд Путин.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.