https://sputnik.tj/20250706/tojikiston-uzbekiston-sabzi-vorid-kardaast-1068680451.html
Тоҷикистон аз Узбекистон беш аз 60 тонна сабзӣ ворид кардааст
Тоҷикистон аз Узбекистон беш аз 60 тонна сабзӣ ворид кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Узбекистон ба кишварҳои хориҷ ба маблағи беш аз 5,6 миллион доллар сабзӣ содирот кардааст. Харидорони аслии сабзӣ кишварҳои ИДМ будаанд
2025-07-06T18:29+0500
2025-07-06T18:29+0500
2025-07-06T18:29+0500
дар тоҷикистон
сабзӣ
кишоварзӣ
содирот
узбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039778125_400:0:3600:1800_1920x0_80_0_0_55d8bdd516e0631c94cf061a84b51c93.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон аз моҳи январ то моҳи май Узбекистон ба Тоҷикистон 61 тонна сабзӣ содирот кардааст.Ин ниҳоди давлатии ин кишвар қайд кардааст, ки дар давоми панҷ моҳ соли равон Ӯзбекистон ба таври фаъол ба кишварҳои хориҷ содирти сабзиро ба роҳ мондааст.Қайд карда шудааст, ки содироти ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ муваффақияти назарраси ин кишварро нишон додааст.Дар давраи баррасишуда Узбекистон ба хориҷ 28 ҳазору 348 тонна сабзӣ содироткардааст. Арзиши умумии он 5,6 миллион долларро ташкил додааст.Узбакистон дар 5 моҳи соли 2025 бештар Қирғизистон — 14 990 тонна, Қазоқистон — 7 197 тонна, Русия — 5 989 тонна, Украина — 64 тонна, Тоҷикистон — 61 тонна ва дигар кишварҳо — 47 тонна сабзӣ содирот кардааст.Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2025 нархи сабзавот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас боло рафт.Аз рӯи суръати болоравии нархӣ сабзӣ аз ҳама гаронтар шуд: 113% - аз 2,06 то 4,40 сомонӣ барои 1 кг.Ба ақидаи мутахассисон, болоравии нархҳо асосан ба омилҳои мавсимӣ ва камшавии захираҳои ҳосили соли пешина марбутанд.Бояд гуфт, ки аз аввали сол то авоили моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 537,8 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, пиёз бо ҳосили беш аз 283 ҳазор тонна мавқеи пешсафро нигоҳ медорад ва ҳамчунон яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар боқӣ мемонад.Мақомҳои дувум ва савумро сабзӣ (63 ҳазор тонна) ва бодиринг (50 ҳазор тонна) ишғол мекунанд. Инчунин 49 ҳазор тонна помидор ва 31 ҳазор тонна карам ҷамъоварӣ шудааст. То ҳол ҳосил аз 15 ҳазор гектар замин ҷамъоварӣ шуда, раванди ғунучини маҳсулот идома дорад.Бояд гуфт, ки аз соли 2013 барои содиркунандагони меваву сабзавоти Тоҷикистон имтиёз барои интиқол тавассути роҳи оҳани Русия бо тахфифи 50% амал мекунад. Ин иқдом хароҷоти нақлиётиро коҳиш дода, имкониятҳои содироти кишоварзии кишварро тақвият мебахшад.
https://sputnik.tj/20250518/iiao-narkh-mahsulot-kishovarzi-bolo-raft-1067369637.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039778125_800:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_720e370efabccce1fecaac762ccdc5d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сабзӣ, кишоварзӣ, содирот, воридот, узбекистон
тоҷикистон, сабзӣ, кишоварзӣ, содирот, воридот, узбекистон
Тоҷикистон аз Узбекистон беш аз 60 тонна сабзӣ ворид кардааст
Узбекистон ба кишварҳои хориҷ ба маблағи беш аз 5,6 миллион доллар сабзӣ содирот кардааст. Харидорони аслии сабзӣ кишварҳои ИДМ будаанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон аз моҳи январ то моҳи май Узбекистон ба Тоҷикистон 61 тонна сабзӣ содирот кардааст.
Ин ниҳоди давлатии ин кишвар қайд кардааст, ки дар давоми панҷ моҳ соли равон Ӯзбекистон ба таври фаъол ба кишварҳои хориҷ содирти сабзиро ба роҳ мондааст.
Қайд карда шудааст, ки содироти ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ муваффақияти назарраси ин кишварро нишон додааст.
Дар давраи баррасишуда Узбекистон ба хориҷ 28 ҳазору 348 тонна сабзӣ содироткардааст. Арзиши умумии он 5,6 миллион долларро ташкил додааст.
Узбакистон дар 5 моҳи соли 2025 бештар Қирғизистон — 14 990 тонна, Қазоқистон — 7 197 тонна, Русия — 5 989 тонна, Украина — 64 тонна, Тоҷикистон — 61 тонна ва дигар кишварҳо — 47 тонна сабзӣ содирот кардааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2025 нархи сабзавот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас боло рафт.
Аз рӯи суръати болоравии нархӣ сабзӣ аз ҳама гаронтар шуд: 113% - аз 2,06 то 4,40 сомонӣ барои 1 кг.
Ба ақидаи мутахассисон, болоравии нархҳо асосан ба омилҳои мавсимӣ ва камшавии захираҳои ҳосили соли пешина марбутанд.
Бояд гуфт, ки аз аввали сол то авоили моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 537,8 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, пиёз бо ҳосили беш аз 283 ҳазор тонна мавқеи пешсафро нигоҳ медорад ва ҳамчунон яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар боқӣ мемонад.
Мақомҳои дувум ва савумро сабзӣ (63 ҳазор тонна) ва бодиринг (50 ҳазор тонна) ишғол мекунанд. Инчунин 49 ҳазор тонна помидор ва 31 ҳазор тонна карам ҷамъоварӣ шудааст. То ҳол ҳосил аз 15 ҳазор гектар замин ҷамъоварӣ шуда, раванди ғунучини маҳсулот идома дорад.
Бояд гуфт, ки аз соли 2013 барои содиркунандагони меваву сабзавоти Тоҷикистон имтиёз барои интиқол тавассути роҳи оҳани Русия бо тахфифи 50% амал мекунад. Ин иқдом хароҷоти нақлиётиро коҳиш дода, имкониятҳои содироти кишоварзии кишварро тақвият мебахшад.