https://sputnik.tj/20250705/dushanbe-markaz-tami-nigahdori-moshin-barq-1068666790.html
Тоҷикистон хоҳони пайвстан ба лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" шуд
Тоҷикистон хоҳони пайвстан ба лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ин масъала дар мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҳамтои чинии ӯ Лю Вей дар чаҳорчӯби ҷаласаи 12-уми сарони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуд
2025-07-05T19:11+0500
2025-07-05T19:11+0500
2025-07-05T19:11+0500
дар тоҷикистон
душанбе
нақлиёт
электромобил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046284544_0:0:1631:917_1920x0_80_0_0_cbe1ba44eb6743337c3d355418328734.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад ба лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" пайвандад.Ин мавзӯъ дар мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти ҷумҳурии Азим Иброҳим ва ҳамтои чинии ӯ Лю Вей дар чаҳорчӯби нишасти 12-уми сарони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуд.Илова бар ин, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо тавсеъаи минбаъдаи долони чандмодалии Чин – Тоҷикистон – Узбакистон – Туркманистон – Эрон – Туркия ва мусоидати Чин ба онро баррасӣ кардаанд.Ҳамчуннин имкони кушодани иншооти хидматрасонии мошинҳои барқӣ дар Душанбе низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Вазортаи нақлиёт. Мӯҳлати дақиқи татбиқи лоиҳа, инчунин маҳалли ҷойгиршавии иншоот ҳанӯз эълон нашудааст.Мавзӯи аслии гуфтугӯҳо густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи нақлиёт ва логистика будааст. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Азим Иброҳим ба афзоиши ҳаҷми бор миёни Тоҷикистону Чин таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, пешниҳод намуд, ки шумораи иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ зиёд карда шавад. Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи анбори муваққатӣ дар Қошғар барои ҳамлу нақли ронандагони тоҷикро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250612/rasulzoda-rohi-ohani-rusiya-taqviyati-hamkoriho-barrasi-1068060502.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046284544_147:0:1587:1080_1920x0_80_0_0_87402d69e72fe44dcb75e6e0c2f69a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон лоиҳа роҳ оҳан "чин – қирғизистон – узбекистон"
тоҷикистон лоиҳа роҳ оҳан "чин – қирғизистон – узбекистон"
Тоҷикистон хоҳони пайвстан ба лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" шуд
Ин масъала дар мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҳамтои чинии ӯ Лю Вей дар чаҳорчӯби ҷаласаи 12-уми сарони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад ба лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" пайвандад.
Ин мавзӯъ дар мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти ҷумҳурии Азим Иброҳим ва ҳамтои чинии ӯ Лю Вей дар чаҳорчӯби нишасти 12-уми сарони вазоратҳои нақлиёти кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуд.
Илова бар ин, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо тавсеъаи минбаъдаи долони чандмодалии Чин – Тоҷикистон – Узбакистон – Туркманистон – Эрон – Туркия ва мусоидати Чин ба онро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчуннин имкони кушодани иншооти хидматрасонии мошинҳои барқӣ дар Душанбе низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Вазортаи нақлиёт.
Мӯҳлати дақиқи татбиқи лоиҳа, инчунин маҳалли ҷойгиршавии иншоот ҳанӯз эълон нашудааст.
Мавзӯи аслии гуфтугӯҳо густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи нақлиёт ва логистика будааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Азим Иброҳим ба афзоиши ҳаҷми бор миёни Тоҷикистону Чин таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, пешниҳод намуд, ки шумораи иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ зиёд карда шавад.
Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи анбори муваққатӣ дар Қошғар барои ҳамлу нақли ронандагони тоҷикро баррасӣ карданд.