https://sputnik.tj/20250612/rasulzoda-rohi-ohani-rusiya-taqviyati-hamkoriho-barrasi-1068060502.html
Расулзода бо роҳбарияти "Роҳи оҳани Русия" тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Расулзода бо роҳбарияти "Роҳи оҳани Русия" тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон бо мудири кулли "Роҳи оҳани Русия" масъалаи густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани ҷумҳуриро баррасӣ кард
2025-06-12T09:36+0500
2025-06-12T09:36+0500
2025-06-12T09:36+0500
қоҳир расулзода
нақлиёт
русия
ҳамкорӣ
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0c/1068060338_0:13:768:445_1920x0_80_0_0_e9ab90b79d812287acbfc10cea897c82.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), мудири кулли "Роҳи оҳани Русия" Олег Белозёров мулоқот кард, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.Бо ёдоварӣ аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла таҳкими ҳамбастагии иқтисодию нақлиётӣ ва рушди робитаҳои логистикӣ Сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷаласаи 82-юми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини рушди нақлиёти роҳи оҳан заминаи мусоид фароҳам овард.Вай дар ин дидор қайд кард, ки мушкилоти геоиқтисодии муосир аз кишварҳои ИДМ тақозо менамояд, ки дар рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиётӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.Ҳамчунин тарафҳо доир ба густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои пайвастани он ба шоҳроҳҳои баҳрию бозорҳои ҷаҳонӣ табодули судманди афкор анҷом доданд.Едовар мешавем, ки дар Душанбе санаи 10-11 июни ҷаласаи 82-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20250521/maqomoti-tojikiston-borkashoni-naqliyot-1067409882.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0c/1068060338_59:0:670:458_1920x0_80_0_0_29625e0b2edd4385a657fa81f19dc9eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, нақлиёт, роҳи оҳан, ҳамкорӣ, тақвият, қоҳир расулзода
русия, тоҷикистон, нақлиёт, роҳи оҳан, ҳамкорӣ, тақвият, қоҳир расулзода
Расулзода бо роҳбарияти "Роҳи оҳани Русия" тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Сарвазири Тоҷикистон бо мудири кулли "Роҳи оҳани Русия" масъалаи густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани ҷумҳуриро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), мудири кулли "Роҳи оҳани Русия" Олег Белозёров мулоқот кард, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.
Бо ёдоварӣ аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла таҳкими ҳамбастагии иқтисодию нақлиётӣ ва рушди робитаҳои логистикӣ Сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷаласаи 82-юми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини рушди нақлиёти роҳи оҳан заминаи мусоид фароҳам овард.
Вай дар ин дидор қайд кард, ки мушкилоти геоиқтисодии муосир аз кишварҳои ИДМ тақозо менамояд, ки дар рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиётӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.
Ҳамчунин тарафҳо доир ба густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои пайвастани он ба шоҳроҳҳои баҳрию бозорҳои ҷаҳонӣ табодули судманди афкор анҷом доданд.
Едовар мешавем, ки дар Душанбе санаи 10-11 июни ҷаласаи 82-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.