https://sputnik.tj/20250704/rahmon-voridi-ozarboyjon-shud-1068634101.html
Раҳмон вориди Озарбойҷон шуд
Раҳмон вориди Озарбойҷон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба ифтихори президенти Тоҷикистон майдони фурудгоҳ дар шаҳри Физули бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд 04.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-04T12:03+0500
2025-07-04T12:03+0500
2025-07-04T12:06+0500
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
озарбойҷон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/04/1068633861_88:134:1106:707_1920x0_80_0_0_d9717224825eafb80df51d0148f251a3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳри Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Физулии Озарбойҷон фуруд омад.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.Бар хабари манбаъ, президентро дар фурудгоҳ вазири фарҳанги Озарбойҷон, Кэримли Адил ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.Гуфта мешавад, ба ифтихори роҳбари давлат дар майдони фурудгоҳ парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.Ҳадаф аз сафари президент ба Озарбойҷон иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони иқтисодӣ мебошад.Созмони ҳамкории иқтисодӣ як сохтори минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад. Ин созмон соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, қароргоҳи котиботи доимии он дар Теҳрон ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20250325/rahmon-iqtisodi-sabz-sozmoni-hamkori-iqtisodi-barrasi-1066710879.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/04/1068633861_13:0:1150:853_1920x0_80_0_0_651c7603e13528b9e1033500509c559b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, сиёсат , озарбойҷон, дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, сиёсат , озарбойҷон, дар тоҷикистон
Раҳмон вориди Озарбойҷон шуд
12:03 04.07.2025 (Навсозишуда: 12:06 04.07.2025) Ба ифтихори президенти Тоҷикистон майдони фурудгоҳ дар шаҳри Физули бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳри Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Физулии Озарбойҷон фуруд омад.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, президентро дар фурудгоҳ вазири фарҳанги Озарбойҷон, Кэримли Адил ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ба ифтихори роҳбари давлат дар майдони фурудгоҳ парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Ҳадаф аз сафари президент ба Озарбойҷон иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони иқтисодӣ мебошад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ як сохтори минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.
Ин созмон соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, қароргоҳи котиботи доимии он дар Теҳрон ҷойгир аст.