Раҳмон масъалаи иқтисоди сабзро бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем Организации экономического сотрудничества Асадом Маджидом Ханом
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем Организации экономического сотрудничества Асадом Маджидом Ханом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузориву нақлиётӣ ва энергетикиву саноатиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар қасри миллат бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хонро дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор иброз дошт, ки Тоҷикистон узви фаъоли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои аъзои он мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистон аст.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту комуникатсия, энергетика, саноат ва кишоварзӣ дар чорчӯби Созмон баррасӣ намуданд.
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Раҳмон ва Мирзиёев мулоқоти сеҷониба, ки бояд дар Хуҷанд гузарад, баррасӣ карданд
“Зимни табодули афкор оид ба татбиқи самараноки Стратегияи “Чашмандоз - 2025” ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа ба истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, рушди иқтисоди “сабз”, масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиши офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид”,- қайд кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамчунин тарафҳо дар ин дидор рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ ва арсаҳои гуногуни гуманитариву фарҳангӣ, бахусус илму маорифро баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0