https://sputnik.tj/20250703/tojikiston-arabistoni-saudi-hamkori-gidroenergetik-tavsea-medihand-1068608863.html
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои гидроэнергетикиро тавсеа медиҳанд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои гидроэнергетикиро тавсеа медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳои байни давлатҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, нақлиёт ва тандурустӣ низ фаро гирифта мешаванд 03.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-03T13:49+0500
2025-07-03T13:49+0500
2025-07-03T13:49+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
энергетика
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/03/1068605552_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7125d337dbf61effba8e8176f35efae9.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари давлат хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳоро барои маблағгузории тарҳҳои мухталиф дар бахшҳои маориф, нақлиёт ва тандурустӣ баррасӣ кардаанд.Ба сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва идоракунии захираҳои об низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҷалби хазинаи Арабистони Саудӣ дар маблағгузории тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мувофиқ дониста шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ. Илова бар ин, ҷонибҳо ният доранд, ки дигар имкониятҳои мавҷударо дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушду тавсеаи равобит истифода баранд. Қаблан Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи истифодаи захоири обро баррасӣ карда буданд. Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Душанбе бо раиси Кумитаи захоири оби Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Иброҳим ал-Абдулкарим дидору гуфтугӯ кардааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи захираҳои обро баррасӣ намуда, ҳамчунин ба табодули таҷриба дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.Дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.
https://sputnik.tj/20250522/tojikiston-arabistoni-saudiro-sarmoyaguzori-energetika-1067422843.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/03/1068605552_38:0:2769:2048_1920x0_80_0_0_b4ff8b20059e53a069891127acbbb6f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, арабистони саудӣ, энергетика, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, арабистони саудӣ, энергетика, эмомалӣ раҳмон
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои гидроэнергетикиро тавсеа медиҳанд
Ҳамкориҳои байни давлатҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, нақлиёт ва тандурустӣ низ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари давлат хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳоро барои маблағгузории тарҳҳои мухталиф дар бахшҳои маориф, нақлиёт ва тандурустӣ баррасӣ кардаанд.
Ба сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва идоракунии захираҳои об низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҷалби хазинаи Арабистони Саудӣ дар маблағгузории тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мувофиқ дониста шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ.
Илова бар ин, ҷонибҳо ният доранд, ки дигар имкониятҳои мавҷударо дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушду тавсеаи равобит истифода баранд.
Қаблан Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи истифодаи захоири обро баррасӣ карда буданд.
Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Душанбе бо раиси Кумитаи захоири оби Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Иброҳим ал-Абдулкарим дидору гуфтугӯ кардааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи захираҳои обро баррасӣ намуда, ҳамчунин ба табодули таҷриба дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.
Дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.