https://sputnik.tj/20250522/tojikiston-arabistoni-saudiro-sarmoyaguzori-energetika-1067422843.html
Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика даъват кард
Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе имконияти ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
2025-05-22T09:36+0500
2025-05-22T09:36+0500
2025-05-22T09:36+0500
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
энергетика
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/15/1067422595_54:181:856:632_1920x0_80_0_0_979af7291621c7d3fbb922edb54a0de8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар доираи Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат, тарафҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин роҳбарияти ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Ҳамчунин, зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуда, ҷонибҳо табодули афкор анҷом доданд.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки доираҳои давлатӣ ва бахши хусусии ду давлат баргузор гардид.Зимни чорабинӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеи ҳамкориҳо дар самти рушди “иқтисоди сабз”, энергетика, рақамикунонӣ ва инноватсия, саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ иброз намуданд.Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи байни доираҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар сиғаи В2G ва B2B баргузор гардид.Дар фарҷоми Форум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Федератсияҳои палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
https://sputnik.tj/20250521/tojikiston-arabistoni-saudi-obi-nushoki-sodirot-1067416452.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/15/1067422595_77:176:856:760_1920x0_80_0_0_4a04836a1506a288e3851cc9434cd26c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сармоя, ҷалб
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сармоя, ҷалб
Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика даъват кард
Дар шаҳри Душанбе имконияти ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дар доираи Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, тарафҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин роҳбарияти ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуда, ҷонибҳо табодули афкор анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки доираҳои давлатӣ ва бахши хусусии ду давлат баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеи ҳамкориҳо дар самти рушди “иқтисоди сабз”, энергетика, рақамикунонӣ ва инноватсия, саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ иброз намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи байни доираҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар сиғаи В2G ва B2B баргузор гардид.
Дар фарҷоми Форум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Федератсияҳои палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.