https://sputnik.tj/20250525/shahr-khujand-ruzi-futbol-boshukuh-tajlil-1067462366.html
Дар Хуҷанд низ Рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил шуд
Дар Хуҷанд низ Рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи ҷаҳонии футбол бори аввал соли 2024 бо ибтикори раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ пешниҳод ва таҷлил шуд
2025-05-25T13:41+0500
2025-05-25T13:41+0500
2025-05-25T13:41+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
футбол
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/19/1062972638_0:0:3520:1980_1920x0_80_0_0_4d8f77d678f9c00f03ac9a1b70c99a29.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии истиқлоли Тоҷикистон" бошукуҳ таҷлил шуд. Майдони сабзи варзишгоҳ дар ин рӯз пур аз наврасону ҷавонон буд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Фестивали варзишӣ сокинони синну соли гуногунро гирд овард. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон ба варзишгоҳ омаданд. Аз руи анъана дар минбарҳо парчамҳои Тоҷикистон барафрохта шуданд.Писарон рост дар майдон машқҳои гармкунии гурӯҳӣ карданд ва баъд аз он ба бозиҳои шавқовар шурӯъ намуданд.Ҳадафи ин чорабиниҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо мебошад.Раҳмон тоҷикистониёнро ба Рӯзи ҷаҳонии футбол шодбош гуфтЁдовар мешавем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта бо тасвиби қатъномае 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ин иқдомро раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешниҳод кардааст.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/19/1062972638_440:0:3080:1980_1920x0_80_0_0_a4239472479b7bcbfc5184a6941d1da5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил
хуҷанд рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил
Дар Хуҷанд низ Рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил шуд
Рӯзи ҷаҳонии футбол бори аввал соли 2024 бо ибтикори раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ пешниҳод ва таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии истиқлоли Тоҷикистон" бошукуҳ таҷлил шуд.
Майдони сабзи варзишгоҳ дар ин рӯз пур аз наврасону ҷавонон буд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Фестивали варзишӣ сокинони синну соли гуногунро гирд овард. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон ба варзишгоҳ омаданд. Аз руи анъана дар минбарҳо парчамҳои Тоҷикистон барафрохта шуданд.
Писарон рост дар майдон машқҳои гармкунии гурӯҳӣ карданд ва баъд аз он ба бозиҳои шавқовар шурӯъ намуданд.
Ҳадафи ин чорабиниҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта бо тасвиби қатъномае 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Ин иқдомро раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешниҳод кардааст.