Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ИМА интиқоли Patriot ва Stinger -ро ба Украина боздошт

© Sputnik / РИА НовостиЗенитно ракетный комплекс Patriot
Зенитно ракетный комплекс Patriot  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2025
Обуна шудан
Кохи сафед тасдиқ кард, ки минбаъд Patriot ва Stinger ба Украина интиқол дода намешавад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар миёни аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ, ки интиқоли онҳо ба Украина қаблан аз ҷониби ИМА мутаваққиф шуда буд, даҳҳо дастгоҳи боздошткунандаи Patriot, беш аз 100 мушаки Hellfire ва даҳҳо мушаки Stinger ҳастанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии NBC.
Ин шабака бо истинод ба як катор манбаҳо дар Пентагон ва Конгресс шумораи яроқу аслиҳаи боздоштшударо чунин нишон дод:
"Силоҳҳои боздоштшуда (барои таҳвил - идора) даҳҳо дастгоҳи боздошткунандаи Patriot, ҳазорон лавозимоти ҷангии гаубитсаи 155 мм, беш аз 100 мушаки Hellfire, беш аз 250 системаҳои мушакии GMLRS, инчунин даҳҳо мушакҳои Stinger ва ҳавопаймоҳо мебошан", - гуфта мешавад дар гузориш.
Сухангӯи Кохи сафед Анна Келлӣ қатъи интиқоли силоҳ ва муҳимоти ҷангиро тасдиқ кард. Вай тавзеҳ дод, ки ин тасмим "барои дар мадди аввал гузошта манофеи Амрико" гирифта шудааст.
Рӯзи сешанбе нашрияи амрикоӣ бо такя ба се манбаи огоҳ дар бораи мутаваққиф шудани интиқоли муҳимот ва аслиҳа аз ИМА ба Украина дар пасманзари тамом шудани захираҳои Амрико хабар дод.
Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ҶМЛ-ро комилан озод кард
Дар авоили июн Кохи сафед изҳор дошт, ки то ҳол дар бораи пуштибонии оянда аз Украина тасмим нагирифтааст, зеро он ба музокироти сулҳ нигаронида шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, мутаваққиф шудани кумакҳои низомӣ аз Вашингтон нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро аз имкони анҷоми амалиёти таҳоҷумӣ маҳрум мекунад.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки кумакҳои низомии Ғарб барои Украина фоидае надорад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад, дар ҳоле ки интиқоли силоҳ ҳадафи қонунии артиши Русия мешава
Лентаи хабарҳо
0