Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия ҶМЛ-ро комилан озод кард

© Sputnik / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкБоевая работа военнослужащих России и КНДР в Курской области
Боевая работа военнослужащих России и КНДР в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Обуна шудан
Акнун дар қаламрави озодшуда тадобири амниятӣ тақвият дода шуда, барқарорсозии зербиноҳо оғоз мешавад, таъкид кард раҳбари ҶМЛ
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Артиши Русия тамоми қаламрави Ҷумҳурии мардумии Луганскро зери назорат гирифт.
Дар ин бора раҳбари ин минтақа Леонид Пасечник зимни суҳбат дар телевизиони "Шабакаи аввал" изҳор дошт.
"Воқеан ду рӯз пеш хабаре расид, ки қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск комилан озод шудааст – сад дарсад",- гуфт ӯ.
Сарвари ҶМЛ қайд кард, ки ин дастовард натиҷаи амалиёти муштараки қисмҳои низомӣ ва дигар сохторҳо мебошад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки акнун дар қаламрави озодшуда тадобири амниятӣ тақвият дода шуда, барқарорсозии зербиноҳо оғоз мешавад.
Ба гуфтаи Пасечник, мақомоти маҳаллӣ аз ҳоло тарҳҳои барқарор кардани зиндагии осоишта ва расонидани кумаки зарурӣ ба сокинонро таҳия мекунанд.
Вай афзуд, ки аз поёни соли гузашта артиши Русия суръати ҳамлаи худро дар Донбасс афзоиш додааст.
Президент РФ Владимир Путин во время пресс-подхода по итогам заседания Высшего Евразийский экономического совета в расширенном составе в Минске. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин сабаби оғози амалиёти вижа дар Украинаро номбар кард
Президент Владимир Путин моҳи март гуфт, ки артиши Русия 99 дарсади ҶМЛ-ро озод кардааст.
Пасечник қайд намуд, ки бештар аз 70%-и ҳудудҳои ҶМД, вилоятҳои Запороже ва Херсон озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0