Тоҷикистону Қирғизистон бар густариши ҳамкориҳо таъкид карданд

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаГлава Министерства иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин встретился с президентом Кыргызстана Садыром Жапаровым
Глава Министерства иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин встретился с президентом Кыргызстана Садыром Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Обуна шудан
Муносибатҳои байни ду ҷумҳурии ҳамсоя босуръат инкишоф ёфта, тамоюли ба сатҳи нав баромаданро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки муносибатҳои ду кишвар босуръат инкишоф ёфта, тамоюли ба сатҳи сифатан нав баромаданро нишон медиҳанд.
Маълум аст, ки ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва фаромарзии байни кишварҳоро баррасӣ кардаанд.
Дар ин дидор Содир Ҷабборов аз имзои Паймони таърихӣ дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ёдовар шуд.
Дар робита ба ин, раиси ҷумҳури Қирғизистон зарурати фаъол кардани ҳамкориҳои байни минтақаҳои ҷумҳуриҳоро таъкид кард.
Президент республики Кыргызстан Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд: ҷузъиёт
Дар навбати худ Сироҷиддин Муҳриддин азми устувори Тоҷикистонро барои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Қирғизистон иброз дошт.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин омодагии кишварро барои густариши ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорату иқтисод изҳор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Ҷеенбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон бо як сафари расмӣ ба шаҳри Чолпон-Ота, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД баргузор шуд, рафт.
Сарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ масъалаҳои асосии рӯзномаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон, инчунин чораҳои вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар доираи масъулияти СПАД-ро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0