https://sputnik.tj/20250701/jabborov-safari-davlati-ba-tojikiston-meoyad-1068563620.html
Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд: ҷузъиёт
Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд: ҷузъиёт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарчанд санаи дақиқи сафари пешбинишуда ҳанӯз эълон нашудааст, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки ин сафар имсол сурат мегирад
2025-07-01T11:58+0500
2025-07-01T11:58+0500
2025-07-01T12:11+0500
содир ҷабборов
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0d/1066553985_0:128:2048:1281_1920x0_80_0_0_857e8997c4497f8340323da5f6a77d65.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора дар мулоқоти сарвари Қирғизистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Чолпон-Ота маълум шуд. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки дар доираи музокирот ҷонибҳо рӯзномаи сафари қарибулвуқӯъи Ҷабборов ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.То ҳол санаи дақиқи сафар эълон нашудааст, вале Вазорати хориҷаи Қирғизистон ишора кардааст, ки ин сафар имсол сурат мегирад. Илова бар ин, дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва кишвардори Қирғизистон, ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва фаромарзии кишварҳо дахл карда шуд.Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизаш аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар пайи сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи марти соли 2025-ро таъкид кардаанд. Ба масъалаҳои анҷоми аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи ҷонибҳо, ҳалли ниҳоии марзҳо заминаи субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Ҷеенбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон бо як сафари расмӣ ба шаҳри Чолпон-Ата рафт, ки дар он нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД баргузор шуд. Сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои асосии рӯзномаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон, инчунин чораҳои вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар доираи масъулияти СПАД-ро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250524/tojikiston-qirghiziston-mushtarakan-chorvodori-rushd-medihand-1067456102.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0d/1066553985_156:0:1976:1365_1920x0_80_0_0_c71cb3e5509e6ddd958a31e9beae3518.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содир ҷабборов сафар давлатӣ тоҷикистон ҷузъиёт
содир ҷабборов сафар давлатӣ тоҷикистон ҷузъиёт
Содир Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд: ҷузъиёт
11:58 01.07.2025 (Навсозишуда: 12:11 01.07.2025) Ҳарчанд санаи дақиқи сафари пешбинишуда ҳанӯз эълон нашудааст, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки ин сафар имсол сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора дар мулоқоти сарвари Қирғизистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Чолпон-Ота маълум шуд.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки дар доираи музокирот ҷонибҳо рӯзномаи сафари қарибулвуқӯъи Ҷабборов ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
То ҳол санаи дақиқи сафар эълон нашудааст, вале Вазорати хориҷаи Қирғизистон ишора кардааст, ки ин сафар имсол сурат мегирад.
Илова бар ин, дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва кишвардори Қирғизистон, ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва фаромарзии кишварҳо дахл карда шуд.
Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизаш аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар пайи сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи марти соли 2025-ро таъкид кардаанд.
Ба масъалаҳои анҷоми аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи ҷонибҳо, ҳалли ниҳоии марзҳо заминаи субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати Ҷеенбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон бо як сафари расмӣ ба шаҳри Чолпон-Ата рафт, ки дар он нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД баргузор шуд.
Сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои асосии рӯзномаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон, инчунин чораҳои вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар доираи масъулияти СПАД-ро баррасӣ карданд.