Миёни Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз мешавад

© SputnikАэропорт Худжанда
Аэропорт Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Обуна шудан
Роҳандозии хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Хуҷанд – Қошғар мушкили равуои мусофирон ба Ҷумҳурии мардумии Чинро осон хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз 1 июли соли ҷорӣ нахустин ҳавопаймо дар масири Қошғар - Хуҷанд - Қошғар парвоз хоҳад кард.
Дар ин бора аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сино Ғафурӣ, масъули матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфт, хатсайри ҷадид сешанбеи ҳар ҳафта миёни фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Қоши-Лайнин, ки дар ноҳияи худмухтори Қашғар, музофоти Синзен-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин ҷойгир аст, иҷро мешавад.
“Ҳавопаймо соати 07:05 аз самти Қоши-Лайнин ба Хуҷанд фуруд омада, соати 09:05 дубора ба самти Қошғар парвоз мекунад” – гуфт, Ғафурӣ.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, парвозро дар ин масир ширкати ҳавопаймоии "Chandu - Airlines" ба иҷро мерасонад.
Международный аэропорт Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2025
Тоҷикистон "осмонро боз мекунад": нархи чипта бояд арзон шавад
Парвоз дар самти Қошғар имкон фароҳам меоварад то мусофирон тавассути он ба дигар минтақаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин бо харҷи кам тавассути ҳама намуди нақлиёт сафар намоянд.
Ахиран дар соли 2024 дар самти Хуҷанд – Қошғар хатсайри байналмилалии чартерӣ ифтитоҳ шуда буд. Сар имрӯз 1 июл дар ин масир хатсайри байналмиллалӣ мунтазам амал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0