Тоҷикистону Қирғизистон муштаракан соҳаи чорводориро рушд медиҳанд

© Foto / Дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ТоҷикистонМулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар Вазорати кишоварзии ҶТ
Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар Вазорати кишоварзии ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2025
Обуна шудан
Дар мулоқот аз ҷумла масъалаи содироту воридоти пӯсту пашми чорво, гӯшт ва хӯроки чорвою паранда баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири ин ниҳод Назарзода Мушокир бо ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, хабар дод дафтари матбуоти ин Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби Қирғизистонро Такиров Умрат, директори Муассисаи давлатии "Маркази рушд ва пешбарии содирот "Кыргыз Экспорт"-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагӣ мекард.
Открытие границы между Таджикистаном и Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2025
Гардиши савдо миёни Суғду Ботканд 28 маротиба афзуд
Манбаъ афзуд, дар мулоқот ҳамчунин роҳбарони ташкилоту идораҳои зертобеи вазорат дар самти чорводорӣ ва намояндагон аз ҶСП "Мармарӣ", ҶСК "Акома" ва ҶСП "Комбинати шири Душанбе" низ иштирок доштанд.
"Дар рафти мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти чорводорӣ, аз ҷумла ветеринарӣ, воридоту содироти пӯсту пашм, гӯшт, хӯроки чорвою паранда баррасӣ гардид", - омадааст дар хабари Вазорат.
Гузашта аз ин ҷонибҳо масъалаи содироту воридоти тухм, шир ва инчунин маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазорати кишоварзӣ таъйид намуд, ки мулоқоти мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои чорводорию растанипарварӣ даъват ба амал оварда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар чор моҳ ба 2,4 млн доллар расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 28 баробар зиёд аст.
“Дар ин давра ба андозаи 917 ҳазор доллар ё 39% мол содир шуда ва дар ҳаҷми 1,4 млн. долар ва ё 61% мол аз Бодканди Қирғизистон ба Суғд ворид шудааст” – иттилоъ доданд аз Раёсати Агентии омори вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0