Тими бонувони Кореяи Шимолӣ мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби бузург шикаст дод

© Foto / ФФТЖенская национальная сборная Таджикистана. Архивное фото
Женская национальная сборная Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2025
Обуна шудан
Нахустин бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё миёни мунтахабаи занонаи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо бохти бузург тими миллии кишвар анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Ахиран Дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни тимҳои миллии занона дар гурӯҳи “H” анҷом шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар даври аввали мусобиқа мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ рақобат карда, бо натиҷаи бузурги 0 бар 10 бохт.
Ба иттилои манбаъ, дар рақобати дигари ҳамин гурӯҳ тими миллии занонаи Малайзия бо натиҷаи 1:0 Фаластинро шикаст дод.
Пас аз анҷоми даври аввали марҳилаи интихобии Ҷрми Осиё-2026 дар гурӯҳи "Н", Тоҷикистон дар зинаи охир, Фаластин дар ҷои сеюм ва Малайзия дар ҷои дуюм қарор гирифта, Куриёи Шимолӣ садрнишини гурӯҳ шуд.
Ҷашнвораи футбол дар Хуҷанд ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2025
Дар Хуҷанд низ Рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил шуд
ФФТ таъкид кардааст, ки бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобӣ дар ин гурӯҳ рӯзи 2-юми июл доир мешаванд.
Дар ин давр тими миллии бонувони Тоҷикистон бо Малайзия (соати 22:00) ва мунтахаби занонаи Фаластин бо Куриёи Шимолӣ (соати 19:00) дидор анҷом медиҳанд. Даромад ба ин бозиҳо ройгон ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0