Дар сафорати Эрон дар Душанбе дафтари ёдбуди эрониёни кушташуда аз зарбаҳои Исроил боз шуд

© Foto / Пресс-служба посольства Ирана в ДушнбеКнига памяти открыта в посольстве Ирана в Душанбе
Книга памяти открыта в посольстве Ирана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2025
Обуна шудан
Маросими сугворӣ ба ёди фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоб, донишмандони ҳастаӣ ва ғайринизомиёни Эрон, ки қурбонии ҳамлаҳои низомии Исроил шудаанд, баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Душанбе ба нишони андӯҳ ба эрониёни кушташуда дар даргириҳо бо Исроил китоби ёдбуд ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти сафорати Эрон хабар доданд.
Маросими сугворӣ то 1 июл баргузор шуда, ба ёди фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоб, донишмандони ҳастаӣ ва ғайринизомиёне, ки қурбонии ҳамлаҳои низомии Исроил шудаанд, баргузор мешавад.
Коршинос тавзеҳ дод, ки муноқиша ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2025
Эрон ва Исроил: коршинос тавзеҳ дод, ки муноқиша ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони зиёиёни тоҷик, фарҳангу адаб ва дигар сокинони пойтахт барои изҳори таслият ба сафорати Эрон дар Душанбе омаданд.

Муноқишаи Эрону Исроил

Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери бомбаборони шадид қарор гирифт, ки дар он низомиёни аршади Эрон ва теъдоде аз физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд. Ба иншооти атомии мамлакат низ зарба зада шуд.
Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Теъдоди кушташудагон аз ҳарду ҷониб тақрибан ба ҳазор нафар расида, теъдоди захмиён аз 8000 гузаштааст.
Иранский флаг висит на здании, которое подверглось израильскому удару в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2025
Эрон аз СММ даъват кард, ки Исроил ва ИМА-ро кишварҳои "таҷовузгар" эътироф кунад
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд.
Аз ҷумла, президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки амалҳои Исроил, ки оинномаи СММ ва қонунҳои байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум мекунад.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт. ВКХ дар робита ба талафоти инсонӣ ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ кард.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамлаҳои Исроилро ба Эрон шадидан маҳкум карда, аз афзоиши ташаннуҷи вазъ дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.
Рӯзи 22 июн ИМА ба се иншооти ҳастаӣ дар Эрон: Фордо, Исфаҳон ва Натанз зарба зад. Ба дунбол, президенти ИМА Доналд Трамп оташбас эълон кард, ки ҳарду ҷониби низоъ ба он розӣ шуданд. То ҳол оташбас риоя мешавад.
Лентаи хабарҳо
0