Дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" танҳо як тан аз кирдораш пушаймонӣ кардааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбстановка у "Крокус Сити Холл"
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2025
Обуна шудан
Се судшавандаи дигар, гарчанде ба гуноҳашон комилан иқрор шуда бошанд ҳам, аз кори кардаашон пушаймон нашуданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар байни чаҳор террорист танҳо омили бевоситаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити Холл Фаридуни Шамсидин буд, ки на танҳо ба гуноҳи комил иқрор шуд, балки аз кори кардааш пушаймон шуд.
Дар ин бора дар маводи парванда, ки ТАСС бо онҳо шинос шудааст, гуфта мешавад.
"Ӯ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд. Аз кардааш пушаймон аст", - омадааст дар баёноти муттаҳами 26-сола.
Се судшавандаи дигар — Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода ва Далерчон Мирзоев, гарчанде ба гуноҳашон комилан иқрор шуда бошанд ҳам, аз кори кардаашон пушаймон нашуданд.
Фаридуни Шамсидин, шаҳрванди Тоҷикистон, қаблан ҳамроҳи хонаводааш дар 50-километрии Душанбе дар рустои Лоёбӣ зиндагӣ мекард.
Дар он ҷо аввал дар сохтмон, баъд дар сехи нонпазии Ҳисор кор кард.
Маҳз ӯ буд, ки борҳо барои тарҳрезии ҳамлаи террористӣ ба толори консертӣ омада, дар пасманзари овезаи гурӯҳи "Пикник", ки мебоист дар рӯзи ҳамлаи террористӣ ҳунарнамоӣ мекард, аз ҷониби як аксбардор ба дурбин афтод.
Здание концертного зала Крокус Сити Холл, где произошла стрельба и начался пожар. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Бастрикин: Парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус бештар аз 500 ҷилд аст
Вакили дифоъ Игор Трунов, ки тими он 95 ҷабрдидаро дар ин парванда намояндагӣ мекунад, ба ТАСС ҳаққонияти ҳуҷҷатҳои тафтишкардаи ин ниҳодро тасдиқ кард.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл 22 марти соли 2024 анҷом дода шуд.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишот, дар пайи он 149 нафар кушта, 1 нафар бедарак ва 609 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Зарари умумии ин ҳамла ҳудуди 6 миллиард рублро ташкил дод.
Пас аз ҳамлаи террористӣ чаҳор нафар аз омилони ин ҳамла талош карданд ба Украина фирор кунанд, вале дар вилояти Брянск боздошт ва ба Маскав интиқол шуданд. Бархе аз шарикони онҳо низ аз созмондиҳандагон дастур гирифтанд, ки Русияро тарк кунанд, аммо ҳангоми кӯшиши убури марз боздошт шуданд.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи муттаҳамон барои интиқоли минбаъда ба додгоҳ ба додситонӣ ирсол шудааст. 19 нафар айбдоршавандагон: Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммадзоир Шарифзода, Ёқубчон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷурмахон Қурбонов, Ҷабраил Аушев, Ҳусейн Медов, Алишер Қосимов, Умедҷон ва Мустақим Солиевҳо, Исроил Исломов, Диловар ва Аминҷон Исломов (ҳама ба феҳристи террористон дар Федератсияи Русия шомил шудаанд).
Тафтишот алайҳи ду созмондиҳанда ва чаҳор узви ин созмони террористӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0