Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Қирғизистон меравад

© SputnikВстреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и главы МИД Кыргызстана Жээнбека Кулубаева
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и главы МИД Кыргызстана Жээнбека Кулубаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2025
Обуна шудан
Раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷаи кишварҳо масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбеву Бишкекро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қарор аст, ки имрӯз бо сафари расмӣ ба Қирғизистон биравад.
Ин сафар бо даъвати Ҷеенбек Кулубоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон сурат гирифта, аз 30 июн то 1 июл давом мекунад.
Зимни сафар музокироти раҳбарони бахшҳои сиёсати хориҷии ду кишвар дар назар аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Қирғизистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбеву Бишкекро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамзамон қарор аст, ки мирӯз 30 июн дар шаҳри Чолпон-Ота ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин нишаст, ба муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин чолишҳои муосир, аз қабили таҳдидҳои киберӣ ва амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Таъкид мешавад, ки дар пайи ин чорабинӣ имзои як қатор санадҳо дар назар аст, ки ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв ва рушди ташаббусҳои муштарак дар доираи СПАД равона шудаанд.
Ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Фаъолияти он ба таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва субот дар минтақа нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0