https://sputnik.tj/20250629/lavrov-mavqe-rusiya-nisbat-muhojiron-bayon-1068535011.html
Лавров мавқеъи Русияро нисбат ба муҳоҷирон баён кард
Лавров мавқеъи Русияро нисбат ба муҳоҷирон баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Русия меоянд, бояд мақоми худро тибқи қонунгузории Русия танзим кунанд, хотиррасон кард раҳбари ВКХ Русия
2025-06-29T19:11+0500
2025-06-29T19:11+0500
2025-06-29T19:11+0500
сергей лавров
муҳоҷирони корӣ
русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1d/1068532311_0:126:3194:1923_1920x0_80_0_0_85676045511a5195aa4740f0ec74d862.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Русия ба кори қонунии муҳоҷирон манфиатдор аст. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни сафараш ба Қирғизистон изҳор дошт. Вай бо ҳамтои қирғизаш Ҷеенбек Кулубоев мавзӯи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардааст.Ба гуфтаи ӯ, Русия ба вуруди муҳоҷирони корӣ манфиатдор аст, аммо ба риояи қоидаҳои будубош дар ин кишвар аҳамияти хоса медиҳад. Вазири корҳои хориҷии Русия ёдовар шуд, ки дар моҳи январи соли 2024 фармони президент Владимир Путин дар бораи пурзӯр кардани назорати муҳоҷират эътибор пайдо кард. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои шаҳрвандони кишварҳои узв қоидаҳои содакардашудаи шуғл амал мекунанд.Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси Думаи давлатии Русия Вячаслав Володин гуфт, қонунҳое, ки барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ қабул кардааст, эътибор пайдо карданд ва аллакай вазъро дар ин самт ба таври назаррас тағйир медиҳанд."Вазъият дар заминаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфт. Ҳама қонунҳо мавриди амал қарор гирифтанд. Мо бояд кори Кумитаи тафтишот, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии куллро қадр кунем, зеро маҳз онҳо тартиботро барқарор карда истодаанд", - гуфт Володин.Вай ёдовар шуд, ки аз соли 2024 инҷониб Думаи давлатӣ 16 қонунеро қабул кард, ки ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд, ки асоси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудаанд.
https://sputnik.tj/20250620/soli-2024-shahrvand-tojikiston-vorid-rusiya-shud-1068295177.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1d/1068532311_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_28c9b9d5da50ed70af3b63754d8351b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров мавқеъ русия муҳоҷир баён
лавров мавқеъ русия муҳоҷир баён
Лавров мавқеъи Русияро нисбат ба муҳоҷирон баён кард
Муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Русия меоянд, бояд мақоми худро тибқи қонунгузории Русия танзим кунанд, хотиррасон кард раҳбари ВКХ Русия
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Русия ба кори қонунии муҳоҷирон манфиатдор аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни сафараш ба Қирғизистон изҳор дошт.
Вай бо ҳамтои қирғизаш Ҷеенбек Кулубоев мавзӯи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ба вуруди муҳоҷирони корӣ манфиатдор аст, аммо ба риояи қоидаҳои будубош дар ин кишвар аҳамияти хоса медиҳад.
"Мо ба муҳоҷирони корӣ таваҷҷӯҳ дорем, аммо муҳим аст, ки онҳо мақоми худро қонунӣ кунанд", - афзуд Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия ёдовар шуд, ки дар моҳи январи соли 2024 фармони президент Владимир Путин дар бораи пурзӯр кардани назорати муҳоҷират эътибор пайдо кард.
Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои шаҳрвандони кишварҳои узв қоидаҳои содакардашудаи шуғл амал мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси Думаи давлатии Русия Вячаслав Володин гуфт, қонунҳое, ки барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ қабул кардааст, эътибор пайдо карданд ва аллакай вазъро дар ин самт ба таври назаррас тағйир медиҳанд.
"Вазъият дар заминаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфт. Ҳама қонунҳо мавриди амал қарор гирифтанд. Мо бояд кори Кумитаи тафтишот, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии куллро қадр кунем, зеро маҳз онҳо тартиботро барқарор карда истодаанд", - гуфт Володин.
Вай ёдовар шуд, ки аз соли 2024 инҷониб Думаи давлатӣ 16 қонунеро қабул кард, ки ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд, ки асоси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудаанд.