https://sputnik.tj/20250629/futbolboz-tojik-joiza-lev-yashin-peshbari-shudaast-1068518756.html
Футболбози тоҷик ба ҷоизаи Лев Яшин пешбарӣ шудааст
Футболбози тоҷик ба ҷоизаи Лев Яшин пешбарӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол ба номи Лев Яшин ба беҳтарин дарвозабони мавсими футболи Русия дода мешавад ва аз ҷоизаи бонуфуз баҳисоб меравад 29.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-29T11:57+0500
2025-06-29T11:57+0500
2025-06-29T11:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052838556_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_065a39cdeaa7b820840dc6b34f596635.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рустам Ятимов аз Тоҷикистон ба ҷоизаи Лев Яшин пешбарӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи футболи Русия "Ростов", ки варзишгар дар он ҷо бозӣ мекунад, хабар дод. Гуфта мешавад, 20 дарвозабони дигар аз бошгоҳҳои мухталифи Русия барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Дар марҳилаи аввал мухлисон метавонанд ба бозингари дӯстдоштаи худ овоз диҳанд.Ятимов дар тими миллии футболи Тоҷикистон низ бозӣ мекунад. Моҳи май ӯ беҳтарин бозигари бозии ниманиҳоии Ҷоми Русия - 2024/25 шуд.Клуби ӯ "Ростов" имсол "Спартак"-и Москваро мағлуб карда, ба суперфинал баромад ва аммо ЦСКА-и пойтахтро мағлуб карда натавонист. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол ба номи Лев Яшин ҷоизаест, ки ҳамасола ба беҳтарин дарвозабони мавсими футболи Русия дода мешавад. Ин ҷоиза дар соли 1960, пас аз он ки тими миллии СССР дар аввалин чемпионати Аврупо оид ба футбол соҳиби тило шуд, ҷорӣ карда шуд. Бори аввал ин ҷоиза ба дарвозабони афсонавии "Динамо"-и Маскав ва тими миллӣ Лев Яшин дода шуд. Баъдан, ӯ се маротиба ин ҷоизаро гирифт. Ғолибро ҳайати таҳририяи рӯзномаи "Коммерсант", ки ин ҳуқуқро аз журнали советии "Огонёк" гирифтааст, муайян мекунад. Пеш аз ҳама коршиносон ба овоздиҳии мухлисон таваҷҷӯҳ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240616/rustam-yatimov-rasman-ligai-bartari-rusiya-1063233765.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052838556_36:0:1464:1071_1920x0_80_0_0_6f0f3ccbc8f856b4e3594055ef769dcf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, футбол
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, футбол
Футболбози тоҷик ба ҷоизаи Лев Яшин пешбарӣ шудааст
Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол ба номи Лев Яшин ба беҳтарин дарвозабони мавсими футболи Русия дода мешавад ва аз ҷоизаи бонуфуз баҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рустам Ятимов аз Тоҷикистон ба ҷоизаи Лев Яшин пешбарӣ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи футболи Русия "Ростов", ки варзишгар дар он ҷо бозӣ мекунад, хабар дод.
"Ин ҷоизаи ҳамасола барои беҳтарин дарвозабони мавсими футбол аст, ки ҳанӯз соли 1960 тасвиб шудааст", - қайд кард бошгоҳи "Ростов".
Гуфта мешавад, 20 дарвозабони дигар аз бошгоҳҳои мухталифи Русия барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Дар марҳилаи аввал мухлисон метавонанд ба бозингари дӯстдоштаи худ овоз диҳанд.
Ятимов дар тими миллии футболи Тоҷикистон низ бозӣ мекунад. Моҳи май ӯ беҳтарин бозигари бозии ниманиҳоии Ҷоми Русия - 2024/25 шуд.
Клуби ӯ "Ростов" имсол "Спартак"-и Москваро мағлуб карда, ба суперфинал баромад ва аммо ЦСКА-и пойтахтро мағлуб карда натавонист.
Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол ба номи Лев Яшин ҷоизаест, ки ҳамасола ба беҳтарин дарвозабони мавсими футболи Русия дода мешавад. Ин ҷоиза дар соли 1960, пас аз он ки тими миллии СССР дар аввалин чемпионати Аврупо оид ба футбол соҳиби тило шуд, ҷорӣ карда шуд.
Бори аввал ин ҷоиза ба дарвозабони афсонавии "Динамо"-и Маскав ва тими миллӣ Лев Яшин дода шуд. Баъдан, ӯ се маротиба ин ҷоизаро гирифт. Ғолибро ҳайати таҳририяи рӯзномаи "Коммерсант", ки ин ҳуқуқро аз журнали советии "Огонёк" гирифтааст, муайян мекунад. Пеш аз ҳама коршиносон ба овоздиҳии мухлисон таваҷҷӯҳ мекунанд.