https://sputnik.tj/20250628/rahmon-kishovarzon-amniyat-ghizo-tojikistonro-tamin-1068505681.html
Раҳмон аз кишоварзон хост, амнияти ғизоии Тоҷикистонро таъмин кунанд
Раҳмон аз кишоварзон хост, амнияти ғизоии Тоҷикистонро таъмин кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Президент зарурати истифодаи оқилонаи заминҳои корам ва ҷалби заминҳои истифоданашуда ба муомилоти кишоварзиро изҳор дошт 28.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-28T13:00+0500
2025-06-28T13:00+0500
2025-06-28T13:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
кишоварзӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/19/1068447983_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_dcb62fd1c883c3b2b7b19925960543bd.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Заминҳои Тоҷикистон бояд самаранок истифода бурда шаванд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар зимни як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор дошт. Барои ин бояд заминҳои истифоданашуда ба муомилоти кишоварзӣ ҷалб гардад, ҳамчунин тухмии серҳосил истифода шуда, боғдорӣ густариш дода шавад, гуфт раҳбари Тоҷикистон.Дар робита ба ин, Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин чора андешанд. Сарвари давлат ҳамчунин дастур дод, ки кишти зироатҳои кишоварзӣ сари вақт ба роҳ монда, беталаф ҷамъоварӣ карда шавад ва истеҳсоли маҳсулоти чорво ва парранда зиёд карда шавад.Қаблан Раҳмон дар паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз аз сокинон даъват карда буд, ки аз ҳар қитъаи замин ду-се ҳосил ҷамъоварӣ кунанд.Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, дар чанд соли ахир бар асари мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйири иқлим, вазъ дар ҷаҳон беш аз пеш печида ва буҳронӣ шудааст. Барои ҳамин президент таъкид кард, ки ҳамаи деҳқонони мамлакат ва онҳое, ки замин доранд, "бояд аз ҳар як рӯзи мусоиди баҳор самаранок истифода баранд, се-чор ҳосилро таъмин намуда, истеҳсоли озуқаро зиёд кунанд".
https://sputnik.tj/20250627/prezident-vaziron-maorif-tandurust-kambud-nohiya-vmkb-hal-kunand-1068498584.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/19/1068447983_46:0:1866:1365_1920x0_80_0_0_fc9d959c031191eba3715cb218e341e0.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, кишоварзӣ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, кишоварзӣ, иҷтимоъ
Раҳмон аз кишоварзон хост, амнияти ғизоии Тоҷикистонро таъмин кунанд
Президент зарурати истифодаи оқилонаи заминҳои корам ва ҷалби заминҳои истифоданашуда ба муомилоти кишоварзиро изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Заминҳои Тоҷикистон бояд самаранок истифода бурда шаванд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар зимни як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор дошт.
Барои ин бояд заминҳои истифоданашуда ба муомилоти кишоварзӣ ҷалб гардад, ҳамчунин тухмии серҳосил истифода шуда, боғдорӣ густариш дода шавад, гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Дар робита ба ин, Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин чора андешанд.
Сарвари давлат ҳамчунин дастур дод, ки кишти зироатҳои кишоварзӣ сари вақт ба роҳ монда, беталаф ҷамъоварӣ карда шавад ва истеҳсоли маҳсулоти чорво ва парранда зиёд карда шавад.
Қаблан Раҳмон дар паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз аз сокинон даъват карда буд, ки аз ҳар қитъаи замин ду-се ҳосил ҷамъоварӣ кунанд.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, дар чанд соли ахир бар асари мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйири иқлим, вазъ дар ҷаҳон беш аз пеш печида ва буҳронӣ шудааст.
Барои ҳамин президент таъкид кард, ки ҳамаи деҳқонони мамлакат ва онҳое, ки замин доранд, "бояд аз ҳар як рӯзи мусоиди баҳор самаранок истифода баранд, се-чор ҳосилро таъмин намуда, истеҳсоли озуқаро зиёд кунанд".