https://sputnik.tj/20250628/khatlonzamin-400-hazor-gardishgar-davr-zad-1068498823.html
Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор гардишгар давр зад
Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор гардишгар давр зад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд. 28.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-28T10:30+0500
2025-06-28T10:30+0500
2025-06-28T10:30+0500
дар тоҷикистон
хатлон
иҷтимоъ
гардишгар
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/07/1042699521_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_afc731fb6d0af085f6ee949decfc1a93.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар панҷ моҳи соли равон аз вилояти Хатлони Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор гардишгар дидан карданд, хабар медиҳад мақомоти ин вилоят.Бар хабари манбаъ, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гзашта ташрифи сайёҳон ба вилоят 2 баробар афзоиш ёфтааст.Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ, сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 933 ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеъҳои сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 142 тарабхона, 45 осорхонаҳо, 19 ширкатҳои сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаусҳо, 240 ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳҳо, 45 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 ишораҳои сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта танҳо дар зарфи 9 моҳи ахири соли равон ба ҷумҳурӣ 1,2 млн шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин миён 1,1 млн -ро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил дода буд.Дар ҳамин ҳол, шумораи бешитари сайёҳонро шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон ташкил дода буданд.Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд.Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳони рус шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фан, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.
https://sputnik.tj/20250608/tojikiston-segona-uzbekistoniho-kishvarho-sayyohat-1067960711.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/07/1042699521_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_6392cd616f94e5e3168c74d1308d46c2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, иҷтимоъ, гардишгар, сайёҳӣ
дар тоҷикистон, хатлон, иҷтимоъ, гардишгар, сайёҳӣ
Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор гардишгар давр зад
Ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар панҷ моҳи соли равон аз вилояти Хатлони Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор гардишгар дидан карданд, хабар медиҳад мақомоти ин вилоят.
Бар хабари манбаъ, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гзашта ташрифи сайёҳон ба вилоят 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ, сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 933 ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеъҳои сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 142 тарабхона, 45 осорхонаҳо, 19 ширкатҳои сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаусҳо, 240 ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳҳо, 45 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 ишораҳои сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта танҳо дар зарфи 9 моҳи ахири соли равон ба ҷумҳурӣ 1,2 млн шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин миён 1,1 млн -ро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи бешитари сайёҳонро шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон ташкил дода буданд.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳони рус шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фан, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.