https://sputnik.tj/20250608/tojikiston-segona-uzbekistoniho-kishvarho-sayyohat-1067960711.html
Тоҷикистон дар сегона: Маълум шуд, узбекистониҳо бештар ба кадом кишварҳо сайёҳат мекунанд
Тоҷикистон дар сегона: Маълум шуд, узбекистониҳо бештар ба кадом кишварҳо сайёҳат мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар давоми чаҳор моҳзи соли равон 388,4 ҳазор гардишгари узбекистонӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст
2025-06-08T14:09+0500
2025-06-08T14:09+0500
2025-06-08T14:09+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
гардишгарӣ
сайёҳӣ
рушди сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041111042_0:126:3193:1922_1920x0_80_0_0_4490a94f385f2870ec069c80048e4bad.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Узбекистон, дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 2116,9 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба кишварҳои хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ сафар кардаанд.Шумори онҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 404,5 хазор нафар ё худ 23,6% афзуд.Бештар аз ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба кишварҳои ИДМ сафар кардаанд.Аз ҷумла ба Қирғизистон, ки дар ҷойи аввал қарор гирифтааст дар ин давра 899 ҳазр нафар сафар кардаанд.Дар ҷойи дувум Тоҷикистон бо 388,4 ҳазор нафар ва дар ҷойи севум Қазоқистон бо 354,9 ҳазор нафар қарор гирифтааст.Сапас дар ин феҳрист Арабистони Саудӣ ( 133,6 ҳазор нафар), Русия (93,9 ҳазор нафар), Туркия (64,2 хазор нафар), АМА (58,8 ҳазор нафар) Миср (22,4 хазор нафар), Таиланд (15,4 ҳазор нафар), Ветнам (11,4 хазор нафар) ва дигар кишварҳо — (74,6 хазор нафар) қарор гирифтаанд.Ба гузориши Агентии омори кишвар, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар умум 367,8 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 42,7 ҳазор нафар ё 13,1% зиёд арзёбӣ мегардад.Ба иттилои манбаъ, аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 236,4 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки 64,1%-и теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20231021/muminzod-rushd-gardishgari-ravobiti-tojikiston-uzbekiston-1060072277.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041111042_231:0:2962:2048_1920x0_80_0_0_813de7aa5f8e5e33e49b1d7f7ca869df.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қзбекистон, сайёҳӣ, гардишгарӣ, сайёҳат, мақомот, омор
тоҷикистон, қзбекистон, сайёҳӣ, гардишгарӣ, сайёҳат, мақомот, омор
Тоҷикистон дар сегона: Маълум шуд, узбекистониҳо бештар ба кадом кишварҳо сайёҳат мекунанд
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар давоми чаҳор моҳзи соли равон 388,4 ҳазор гардишгари узбекистонӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Узбекистон, дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 2116,9 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба кишварҳои хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ сафар кардаанд.
Шумори онҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 404,5 хазор нафар ё худ 23,6% афзуд.
Бештар аз ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба кишварҳои ИДМ сафар кардаанд.
Аз ҷумла ба Қирғизистон, ки дар ҷойи аввал қарор гирифтааст дар ин давра 899 ҳазр нафар сафар кардаанд.
Дар ҷойи дувум Тоҷикистон бо 388,4 ҳазор нафар ва дар ҷойи севум Қазоқистон бо 354,9 ҳазор нафар қарор гирифтааст.
Сапас дар ин феҳрист Арабистони Саудӣ ( 133,6 ҳазор нафар), Русия (93,9 ҳазор нафар), Туркия (64,2 хазор нафар), АМА (58,8 ҳазор нафар) Миср (22,4 хазор нафар), Таиланд (15,4 ҳазор нафар), Ветнам (11,4 хазор нафар) ва дигар кишварҳо — (74,6 хазор нафар) қарор гирифтаанд.
Ба гузориши Агентии омори кишвар, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар умум 367,8 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 42,7 ҳазор нафар ё 13,1% зиёд арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 236,4 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки 64,1%-и теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.