Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаи стандартизатсия ва метрология таҳким бахшиданд

© Foto / Агентство "Таджикстандарт"Подписание плана сотрудничества в области стандартизации и метрологии между Российской Федерацией и Республикой Таджикистан
Подписание плана сотрудничества в области стандартизации и метрологии между Российской Федерацией и Республикой Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Обуна шудан
Ҷонибҳо нақшаеро имзо карданд, ки ба рушди саноат, омода кардани кадрҳои тахассусӣ ва коҳиш додани монеаҳои тиҷорат нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон нақшаи татбиқи ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ва метрологияро имзо карданд.
Ин санад дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Нижний Новгород ҷараён дорад, ба анҷом расид.
Маълум аст, ки созишномаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи саноатӣ барои солҳои 2025-2027 аз ҷониби директори Агентии "Тоҷикстандарт" Раҳмон Исломиддин ва роҳбари Агентии федералии танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия Антон Шалаев ба имзо расидаанд.
Ин нақша ба рушди саноат ва омода кардани кадрҳои тахассусӣ, коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ ва таҳкими иқтисоди Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2025
Русия дар миёни шарикони Тоҷикистон дар ҷои аввал аст
Оҷонсии "Тоҷикстандарт" ба манзури беҳбуди сифати коло барои содирот ва рақобатпазирии тавлидоти ватанӣ талош дорад, стандартҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Шӯрои ИДМ мутобиқ созад.
Қаблан Русия ва Тоҷикистон як барномаи ҳамкорӣ дар арсаи низомиро низ тасвиб карда буданд.
Андрей Белоусов, вазири дифои Русия ва Эмомалӣ Собирзода, ҳамтои тоҷикаш, барномаи шарикии стратегии ду кишвар дар бахшҳои низомӣ ва низомию фаннӣ барои солҳои 2026-2030-ро тасвиб карданд.
Лентаи хабарҳо
0