Чемпионати ҷаҳон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид

© Foto / Tajikistan Football Federation|ФеСборная Таджикистана по футзалу завершила выступление на чемпионате мира 2024 года
Сборная Таджикистана по футзалу завершила выступление на чемпионате мира 2024 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2024
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиро дар мусобиқоти чемпионати ҷаҳон-2024 дар Узбекистон натавонит ба даври ҳаштякниҳоӣ барояд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал иштирокашро дар Чемпионати ҷаҳон-2024 ба анҷом расонид.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон аз тими миллии Панама бо ҳисоби 3:8 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.
Қаблан дар ду даври аввали Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаи Пайрав Воҳидов аз тимҳои Марокаш (2:4) ва Португалия (2:3) шикаст хӯрда буд.
Ба ин тартиб, футзалбозони тоҷик, ки бори аввал дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок карданд, дар ҳарсе бозӣ шикаст хӯрданд.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Футбол, болоравии нархҳо ва сохтмонҳои калон: моҳи январ дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Ёдовар мешавем, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, дар Ҷоми ҷаҳон-2024 чордаҳ нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар – шомил буданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024, ки дар Узбекистон то6-уми октябр идома хоҳад кард, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "Е" шомил буд.
Рақибони футзалбозони тоҷик тимҳои миллии Марокаш, Португалия ва Панама буданд.
Ба плей-офф ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ роҳ меёбанд. Инчунин ба 1/8 финал чаҳор дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои сеюм дар гурӯҳҳо роҳ пайдо мекунанд. Марҳилаи гурӯҳӣ як ҳафта –то 22-юми сентябр - идома меёбад. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила ҳашт даста мусобиқотро тарк мекунад.
Лентаи хабарҳо
0