Теҳрон аз барномаи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид - ВУХ Эрон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи на пресс-конференции по итогам встречи с министром иностранных дел РФ Сергеем Лавровым.
Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи на пресс-конференции по итогам встречи с министром иностранных дел РФ Сергеем Лавровым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2025
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Эрон эълон кард, ки ин кишвар дар роҳи барномаи ҳастаии худ бисёр талафот дид, аз ҷумла донишмандони зиёдро аз даст дод ва аз ин рӯ ин фанновариро тарк нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо Ал-Арабӣ Ал-Ҷадид гуфт, Эрон аз барномаи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид.
Ба гуфтаи вай, Теҳрон барои тавсеъаи майдони ҳастаӣ талошҳои зиёде кардааст, таҳримҳоро таҳаммул карду донишмандони зиёдро аз даст дод.
"Ҳеҷ кас дар Эрон ин фанновариро тарк нахоҳад кард. Барномаи ҳастаии ҶИИ шаффоф буд ва таҳти назорати Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ буд", - изҳор дошт вазири эронӣ.
Қаблан изҳорот пахш шуда буд, ки ҳамлаҳои Амрико ҷузъҳои калидии барномаи ҳастаии Эронро нобуд накардаанд.
Маврид ба зикр, Эрону Исроил пас аз ҳамлаҳои 12 рӯза ба қаламрави ҳамдигар рӯзи 24 июн оташбас карданд, аммо пасон ҳамдигарро дар нақши созиш муттаҳам намуданд.

Муноқишаи Исроил ва Эрон

Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Иранский парламент. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2025
Парлумони Эрон ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро мутаваққиф кард
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.
Лентаи хабарҳо
0