Дар соли 2025 сокинони Тоҷикистон чӣ гуна кору истироҳат хоҳанд кард?

Обуна шудан
Дар соли 2025 сокинони Тоҷикистон ду ҳафтаи шашрӯзаи корӣ хоҳанд дошт, аммо сипас сокинон рӯзҳои истироҳатии тӯлонӣ доранд
Дар Тоҷикистон корҳо барои таҳияи тақвими истеҳсолӣ барои соли 2025 идома доранд.
Мувофиқи нақшаи пешакӣ сокинони ҷумҳуриро ду хафтаи шашрузаи корӣ интизор аст. Ҳарду дар тирамоҳи соли оянда мебошанд.
"Эҳтимол меравад, шанбеи 6 сентябр рӯзи корӣ ва рӯзи 8-ум рӯзи истироҳат, шанбеи 1 ноябр рӯзи корӣ, ба ҷои ҷумъа ва 7-ум рӯзи истироҳат хоҳад буд". Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем: Табрикоти солинавии Рустам Эмомалӣ
Ин вазъият бо таҷлили Рӯзи Истиқлолият (9.09) ва Рӯзи Конститутсия (6.11) рабт дорад.
То кунун маълум аст, ки тоҷикон дар соли нав як рӯз - 1 январ истироҳат хоҳанд кард. Бо вуҷуди ин, эҳтимол дорад, ки то охири соли 2024 вазъ тағйир ёбад.
Лентаи хабарҳо
0