Оверчук: дар ИИАО низоми ягонаи маориф бунёд кардан зарур аст

© Foto / АНО "Дирекция спортивных и социальных проектов" / Гузариш ба медиабонкАлексей Оверчук, заместитель председателя правительства РФ
Алексей Оверчук, заместитель председателя правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2025
Обуна шудан
Муовини сарвазир ҳамчунин таъкид кард, ки мактаббачагон ва хатмкунандагони донишгоҳҳо бояд дар асоси принсипҳо ва стандартҳои ягона таҳсилоти воқеан босифат гиранд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ИИАО низоми ягонаи маориф бунёд кардан зарур аст, гуфт муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург.
Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи иттиҳодия масъалаҳои маориф пайваста матраҳ мешаванд, зеро яке аз принсипҳои асосии созмон ин ҳаракати озоди нерӯи корӣ мебошад.
"Агар мо хоҳем, ки бозори ягонаи меҳнат дошта бошем, ки корфармо ҳангоми ба кор қабул кардани шахс сатҳи дониши ӯро дарк кунад, бояд системаи ягонаи маорифро бунёд кунем. Гузашта аз ин, дар ҳама сатҳҳо - аз мактаби ибтидоӣ то донишгоҳҳо", - қайд кард Оверчук зимни ҷаласа дар Форуми Петербург.
Муовини сарвазир ҳамчунин таъкид кард, ки мактаббачагон ва хатмкунандагони донишгоҳҳо бояд дар асоси принсипҳо ва стандартҳои ягона таҳсилоти воқеан босифат гиранд.
Вай ёдовар шуд, ки ҳукумати Русия барномаи бунёди мактабҳои русиро дар Қирғизистон амалӣ мекунад. Илова бар ин, дар назар аст, ки Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба донишгоҳи асосии Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Дар Форуми мазкур кишвардори Русия, Владимир Путин дар бораи таъсиси бозори ягонаи энержӣ гуфта буд.
Президент Владимир Путин провел совещание по экономическим вопросам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2025
Путин: кишварҳои ИИАО ҳанӯз омода нестанд, ки бозорҳои ягонаи энержӣ эҷод кунанд
Ба таъкиди роҳбари Русия, ҳоло кишварҳои узви ин иттиҳод ба ташкили бозори ягонаи энержӣ тайёр нестанд, вале дар ин самт кор бурда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0