"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Ванҷ роҳандозӣ кард: нархи чипта чанд аст

© Фото : Сайт компании Tajik AirСамолет АН-28 авиакомпании "Tajik Air", архивное фото
Самолет АН-28 авиакомпании Tajik Air, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2025
Обуна шудан
Бояд гфт, ширкати мазкур парвозҳо самти Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент ва Раштро анҷом медиҳад. Акнун самти Ванҷ низ парвоз имконпазир мешавад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" самти нави парвози дохили ҷумҳуриро роҳандозӣ кард.
Бар хабари дафтари матбуоти ширкати мазкур, парвозҳо дар масири Душанбе-Ванҷ аз сар гирифта мешаванд.

"Аввалин парвоз дар масири Душанбе-Ванҷ рӯзи 23 июн сурат мегирад", - омадааст дар хабари ширкат.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки нархи чипта 750 сомонӣ буда, вақти парвоз 50 дақиқаро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, парвоз ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа сурат хоҳад гирифт.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 08:00 ва баргашт 09:30 хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, парвоз дар масири Душанбе - Хоруғ аз моҳи сентябр барқарор шуд. Парвозҳо ҳафтае се маротиба анҷом меёбанд. Нархи чипта 900 сомонӣ аст.
Самолет Ан-28  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2024
"Тоҷик Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба Хоруғ аз сар мегирад: нарх 900 сомонӣ
Алоқаи ҳавои байни Душанбеву Хоруғ соли 2017 мутаваққиф шуд. Мақомот далели мутаваққиф шудани парвозҳоро ба набудани ҳавопаймо рабт доданд.
Бояд гуфт, соли гузашта ҳавопаймои чехӣ як парвози озмоишӣ аз Душанбе ба ВМКБ анҷом дод ва он замон ҳукумати вилоят гуфт, минбаъд парвозҳо дар ин самт аз сар гирифта мешаванд, вале баъди он дигар ягон парвоз сурат нагирифт.
Қобили зикр аст, ки ширкати мазкур ҳамчунин парвозҳо аз Душанбе самти Ховалинг, Кӯлоб, Рашт ва Панҷакент низ роҳандазӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0