https://sputnik.tj/20250622/kasinskiy-avval-okhir-moshin-harbi-olmon-brest--1068356602.html
Касинский: "Аввалу охири" мошини ҳарбии Олмон дар Брест гузошта шуд
Касинский: "Аввалу охири" мошини ҳарбии Олмон дар Брест гузошта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қушунҳои гитлерӣ дар тамоми Аврупо музаффарона пеш рафтанд ва танҳо дар қалъаи Брест ба муқобилияти ҷиддии худ аввалин шуда дучор омаданд
2025-06-22T15:57+0500
2025-06-22T15:57+0500
2025-06-22T15:57+0500
иҷтимоъ
беларус
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/16/1068344192_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_513bb3c2080d9c8f2b46ea2c2b77dbfa.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Беларус ва Русия бояд ҳамаи чораҳоро бинанд, то хотираи таърихии Ҷанги Бузурги Ватаниро нигоҳ доранд. Дар ин бора Леонид Касинский, ёвари вазири дифоъ дар умури идеологӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи марзбонони шӯравӣ дар қалъаи Брест изҳор дошт, хабар медиҳад Sputnik Беларус. "Онҳо, ба ибораи дигар, дар тамоми Аврупо роҳпаймоӣ карданд. Ва танҳо дар ин ҷо "оғозу анҷоми" мошини низомии Олмон гузошта шуд", - қайд кард ёвари вазири дифоъи Беларус.Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ ёдгорӣ ва хотираҳои зиёде мавҷуданд, ки дар ҳифзу интиқоли ҳақиқати таърихӣ ба ояндагон саҳм доранд."Ҳамсояи мо Полша аз ин ҷо дур нест, ки дар он ҷо беш аз 500 ёдгории сарбозони шӯравӣ мавҷуд буд. Имрӯз камтар аз бист ёдгорӣ шояд боқӣ мондаанд... Онҳо ёдгориҳоро хароб мекунанд, ҳақиқати таърихиро вайрон мекунанд, аз бобою бобоёни мо, ки Аврупоро озод кардаанд, ҳатто аз онҳое, ки муҷассамаашон истодааст, метарсанд. Аз ин рӯ мову шумо бояд барои нигоҳ доштани ҳақиқати таърихии худ ҳама корҳоро кунем",- хулоса кард ӯ.Рузи шанбе дар Брест ҳайкали ёдгории сарҳадбонони шӯравӣ бо тантана кушода шуд. Он дар Русия омода шуда, ба Белоруссия ҳадя шудааст.Имрӯз 22 июн қатори хотира аз Брест мебарояд ва ба Пинск, баъд ба Гомел, Жлобин, Витебск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Самара, Перм, Вологда, Волгоград сафар мекунад. Поезд 5 июл ба истгоҳи охирини худ — ба вокзали Белоруссии Москва мерасад.
https://sputnik.tj/20250319/khujand-qahramoniho-zanho-tojik-jangi-buzurgi-vatani-yod-video-1066644721.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/16/1068344192_19:0:1156:853_1920x0_80_0_0_d0f0dcde8c9a7d9e9107a0bb1a686a50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
касинский мошин ҳарбӣ олмон брест боздошт
касинский мошин ҳарбӣ олмон брест боздошт
Касинский: "Аввалу охири" мошини ҳарбии Олмон дар Брест гузошта шуд
Қушунҳои гитлерӣ дар тамоми Аврупо музаффарона пеш рафтанд ва танҳо дар қалъаи Брест ба муқобилияти ҷиддии худ аввалин шуда дучор омаданд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Беларус ва Русия бояд ҳамаи чораҳоро бинанд, то хотираи таърихии Ҷанги Бузурги Ватаниро нигоҳ доранд.
Дар ин бора Леонид Касинский, ёвари вазири дифоъ дар умури идеологӣ дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи марзбонони шӯравӣ дар қалъаи Брест изҳор дошт, хабар медиҳад Sputnik Беларус.
"Имрӯз, дар остонаи санаи фоҷиабор ва дар айни замон қаҳрамонӣ мо на танҳо маросими ифтитоҳи муҷассамаро баргузор мекунем, балки дар мубориза бо навъҳои мухталифи тақаллубкорони ғарбии ҳақиқати таърихӣ, дар мубориза бо навъҳои мухталифи муаррихони дурӯғин як қадами дигар мегузорем",- гуфт Касинский, ки маҳз дар хоки Брест мошини ҳарбии немис ва ҳамроҳони он аввалин ҷавоби ҷиддии худро гирифтанд.
"Онҳо, ба ибораи дигар, дар тамоми Аврупо роҳпаймоӣ карданд. Ва танҳо дар ин ҷо "оғозу анҷоми" мошини низомии Олмон гузошта шуд", - қайд кард ёвари вазири дифоъи Беларус.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ ёдгорӣ ва хотираҳои зиёде мавҷуданд, ки дар ҳифзу интиқоли ҳақиқати таърихӣ ба ояндагон саҳм доранд.
"Ҳамсояи мо Полша аз ин ҷо дур нест, ки дар он ҷо беш аз 500 ёдгории сарбозони шӯравӣ мавҷуд буд. Имрӯз камтар аз бист ёдгорӣ шояд боқӣ мондаанд... Онҳо ёдгориҳоро хароб мекунанд, ҳақиқати таърихиро вайрон мекунанд, аз бобою бобоёни мо, ки Аврупоро озод кардаанд, ҳатто аз онҳое, ки муҷассамаашон истодааст, метарсанд. Аз ин рӯ мову шумо бояд барои нигоҳ доштани ҳақиқати таърихии худ ҳама корҳоро кунем",- хулоса кард ӯ.
Рузи шанбе дар Брест ҳайкали ёдгории сарҳадбонони шӯравӣ бо тантана кушода шуд. Он дар Русия омода шуда, ба Белоруссия ҳадя шудааст.
Имрӯз 22 июн қатори хотира аз Брест мебарояд ва ба Пинск, баъд ба Гомел, Жлобин, Витебск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Самара, Перм, Вологда, Волгоград сафар мекунад. Поезд 5 июл ба истгоҳи охирини худ — ба вокзали Белоруссии Москва мерасад.