https://sputnik.tj/20250622/fft-tojikiston-joiza-baland-girift-1068332747.html
ФФТ Тоҷикистон ҷоизаи баланд гирифт
ФФТ Тоҷикистон ҷоизаи баланд гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад 22.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-22T11:47+0500
2025-06-22T11:47+0500
2025-06-21T16:48+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
ффт
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/15/1068333183_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_499b1a1483a60ab040603701598b92a6.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби ҷоизаи биринҷии "FIFA Forward Awards" гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти ФФТ хабар дод. Бар хабари манбаъ, ҷоизаи мазкур ба ФФТ дар маросими ҷоизасупории "FIFA Forward Awards", ки дар саммити футболи ФИФА дар Майами баргузор шуд, тақдим гардид.Манбаъ афзуд, ФФТ - ро дар ин чорабинӣ ноиби президент Искандар Ҷалилов ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд. Ҷоизаро ба онҳо президенти ФИФА Ҷанни Инфантино супурд.Зикр гардид, ки ҷоиза саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад. Бояд гуфт, лоиҳаи маркази техникии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Варзоб, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ҷойи сеюмро гирифт. Маркази техникии ФФТ дар Варзоб як маҷмааи замонавӣ барои тамрини тимҳои миллии Тоҷикистон аст, ки тибқи талаботи ФИФА сохта шудааст. Он аз меҳмонхона, майдонҳои табиию сунъӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Кор дар марказ дар арафаи анҷомёбист.
https://sputnik.tj/20250616/dastai-javononi-tojikiston-baroi-daryofti-medali-birinjii-cafa-2025-muboriza-mebarad-1068153149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/15/1068333183_116:0:1183:801_1920x0_80_0_0_74b81c04feb132d822abc8cea62d4684.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дар тоҷикистон, ффт, футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дар тоҷикистон, ффт, футбол
ФФТ Тоҷикистон ҷоизаи баланд гирифт
Ҷоизаи саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби ҷоизаи биринҷии "FIFA Forward Awards" гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ФФТ хабар дод. Бар хабари манбаъ, ҷоизаи мазкур ба ФФТ дар маросими ҷоизасупории "FIFA Forward Awards", ки дар саммити футболи ФИФА дар Майами баргузор шуд, тақдим гардид.
Манбаъ афзуд, ФФТ - ро дар ин чорабинӣ ноиби президент Искандар Ҷалилов ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд. Ҷоизаро ба онҳо президенти ФИФА Ҷанни Инфантино супурд.
Зикр гардид, ки ҷоиза саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад.
Бояд гуфт, лоиҳаи маркази техникии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Варзоб, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ҷойи сеюмро гирифт.
Маркази техникии ФФТ дар Варзоб як маҷмааи замонавӣ барои тамрини тимҳои миллии Тоҷикистон аст, ки тибқи талаботи ФИФА сохта шудааст. Он аз меҳмонхона, майдонҳои табиию сунъӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Кор дар марказ дар арафаи анҷомёбист.