https://sputnik.tj/20250616/dastai-javononi-tojikiston-baroi-daryofti-medali-birinjii-cafa-2025-muboriza-mebarad-1068153149.html
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти медали биринҷии CAFA 2025 мубориза мебарад
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти медали биринҷии CAFA 2025 мубориза мебарад
Sputnik Тоҷикистон
Бозии тоҷикон ва ҳамсолони онҳо аз тими миллии Узбакистон рӯзи душанбеи 16 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор мешавад
2025-06-16T09:36+0500
2025-06-16T09:36+0500
2025-06-16T11:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ффт
узбекистон
футбо
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068161159_0:40:1280:761_1920x0_80_0_0_f90e4988eeca3c41751997cf0195d3dc.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медали биринҷии чемпионати CAFA - 2025 мубориза мебарад. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷавонони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) ба анҷом расид.Дар даври ниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ шуд. Дар поёни сабқати гурӯҳӣ тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон яксон - 4 холӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани фарқи тӯбҳо футболбозони Қирғизистон дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб карда, дар даври ниҳоии чемпионати CAFA – 2025 бозӣ хоҳанд кард, рақиби онҳо тими Эрон, ки дар гурӯҳи “В” ҷои аввалро касб карда, бар тими Туркманистон пирӯз шудааст, хоҳад буд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи севум бо тими Узбакистон вомехӯрад.Ин дидор рӯзи душанбеи 16 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад. Бозии ниҳоии CAFA Youth Championship - 2025 миёни тимҳои миллии Қирғизистону Эрон рӯзи сешанбеи 17 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
https://sputnik.tj/20250612/mubin-ergashev-sarmurabbii-dastai-futboli-sarazm-1068078648.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068161159_54:0:1191:853_1920x0_80_0_0_7c6b80d67c550748211793179248a18f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даста ҷавонон тоҷикистон дарёфт медал биринҷ cafa мубориза
даста ҷавонон тоҷикистон дарёфт медал биринҷ cafa мубориза
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти медали биринҷии CAFA 2025 мубориза мебарад
09:36 16.06.2025 (Навсозишуда: 11:57 16.06.2025) Бозии тоҷикон ва ҳамсолони онҳо аз тими миллии Узбакистон рӯзи душанбеи 16 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медали биринҷии чемпионати CAFA - 2025 мубориза мебарад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷавонони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) ба анҷом расид.
Дар даври ниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ шуд.
Дар поёни сабқати гурӯҳӣ тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон яксон - 4 холӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани фарқи тӯбҳо футболбозони Қирғизистон дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб карда, дар даври ниҳоии чемпионати CAFA – 2025 бозӣ хоҳанд кард, рақиби онҳо тими Эрон, ки дар гурӯҳи “В” ҷои аввалро касб карда, бар тими Туркманистон пирӯз шудааст, хоҳад буд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи севум бо тими Узбакистон вомехӯрад.
Ин дидор рӯзи душанбеи 16 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО Аренаи шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Бозии ниҳоии CAFA Youth Championship - 2025 миёни тимҳои миллии Қирғизистону Эрон рӯзи сешанбеи 17 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.