https://sputnik.tj/20250621/kalid-jang-isroil-eron-dasti-rusiya-ast-1068308167.html
Маскав интизор аст: калиди ҷанги Исроилу Эрон дар дасти Русия аст
Маскав интизор аст: калиди ҷанги Исроилу Эрон дар дасти Русия аст
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои охир аҳли ҷаҳон бо таҳлука воқеаҳои Шарқи Наздикро тамошо мекунад ва ин бесабаб нест, чун ин воқеаҳо метавонанд ба даҳшати васеъмиқёси мислаш диданашуда... 21.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-21T11:49+0500
2025-06-21T11:49+0500
2025-06-21T11:49+0500
русия
эрон
сиёсат
исроил
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068158848_64:66:800:480_1920x0_80_0_0_4bfa23384d700c7a81713833002ac70d.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раҷаб Сафаров. Ҳамлаи рӯзи 13 июнро Эрон чунин интизор набуд. Дар Теҳрон аз чунин мантиқ арёбӣ мекарданд, ки Исроил бидуни ризоият ва ширкати мустақими Иёлоти Муттаҳида ҷуръати ҳамла карданро надорад, бахусус дар замони рафти музокироти фаъоли Амрикову Эрон. Трамп тақрибан ҳар рӯз дар бораи имзои қарибулвуқӯъи як созишномаи таърихӣ байни ду кишвар изҳороти ҳаяҷоновар мекард. Эрониҳо ҳарчанд ба Иёлоти Муттаҳида таърихан нобоварӣ доранд, аммо дар бораи давраи нави ҳамкориҳои Амрикову Эрон фикр мекарданд. Бо вуҷуди ин, онҳо фирефта шуданд. Дар Эрон ҳеҷ шакке нест, ки маҳз Трамп ба Нетаняҳу барои таҷовуз чароғи сабз кушод. Масъала дар он аст, ки ин ҷанг барои ИМА ва Исроил муфид аст. Барномаи ҳастаии Эрон, албатта, ба он рабте надорад. Ҳамчунон ки Ғарб ба ҳуқуқ ва озодиҳои эрониён кам аҳамият медиҳад. Он чизе, ки Ғарб аз он метарсад, суръати наздикшавии Теҳрон бо Маскав аст. Аз ин рӯ, тамоми талошҳо ба ҳар қимате барои қатъи ҳамкориҳои Эрон бо Русия равона шудааст ва инаш бошад, танҳо бо василаи низомӣ имконпазир аст. Агар нақшаҳои тағйир додани ҳокимият дар Эрон, ки Исроил, ИМА ва Аврупо аллакай ошкоро эълон кардаанд, амалӣ шаванд, ин ба амрикоиҳо имкон медиҳад, ки назорати комили кишвар, аз ҷумла захираҳои бузурги энержиро ба даст оранд. Илова бар ин, агар Амрико Теҳронро мутеъи худ созад, имкон пайдо мекунад, ки тамоми ҷаҳони ислом ва бахусус шоҳигариҳои Халиҷи Форсро маҷбур созад, ки садоқати бештар ишон диҳанд ва триллионҳо доллар пардохт кунанд, зеро танҳо бо ҳамин тарз ҳукмронии минбаъдаи онҳоро таъмин хоҳад кард. Ҳамчунин, дар зери назорати ИМА, Эрон ба зудӣ ба як рақиби ҷиддии иқтисодӣ ва геополитикии Русия табдил хоҳад ёфт. Тағйири ҳокимият дар Эрон ҳаракати тектоникиро дар минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд меорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Калон зери таъсири нерӯҳои марказгурез қарор гирифта, маҷбур мешаванд, ки ба тарафи Иёлоти Муттаҳида рӯ оранд. Эрони ғарбгаро раванди дур шудани Қазоқистон аз Русияро метезонад, ки метавонад боиси пайдо шудани даҳҳо пойгоҳҳои нави низомӣ ва садҳо тамрингоҳҳои гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар наздикии марз бо Русия шавад. Айни замон саволи асосӣ ин аст, ки оё Вашингтон ба дахолати мустақими ҳарбӣ ворид мегардад? Эҳтимолияти ин ниҳоят баланд аст: Нетаняҳу ҷангро оғоз кардааст, аммо агар амрикоиҳо дахолат накунанд, нерӯяш ба зудӣ тамом мешавад. Дар баробари ин, шубҳае нест, ки зердастони аврупоӣ онҳоро фаъолона дастгирӣ хоҳанд кард. Дар ин ҷо суоле дар бораи нақши Русия дар ин даргирӣ ба миён меояд. Аз як тараф, Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки диққати Маскав комилан ба амалиёти вижаи низомӣ нигаронида шудааст ва Русия барои Ховари Миёна вақт надорад. Аз сӯйи дигар, бисёре аз сокинони Эрон ба кумак ва пуштибонии воқеъӣ ва шояд қатъии Русия умед мебанданд. Аммо Теҳрон то ҳол расман аз Маскав кумак дархост накардааст. Як вақтҳо, президент Путин изҳор дошта буд, ки Эрон аз харидории низоми дифои зиддимушакии Русия, ки аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, худдорӣ карда буд. Русия маъмулан дар бисёр масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба – тиҷорӣ-иқтисодӣ, низомию техникӣ ҳамчун ташаббускор баромад мекунад. Ба қавли раисиҷумҳури Русия, созишномаи ҷадиди стратегӣ миёни Русия ва Эрон ғояҳои дифоъӣ надорад ва онҳо маҳз аз он сабаб вуҷуд надоранд, ки эрониён дар ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи зиёд нишон надоданд. Ноамн шудани Эрон ва бахусус тағйири ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар як хатари бунёдӣ ба манофеи стратегии Русия аст. Маскав омода аст вариантҳои мухталиферо, ки ба ҷилавгирӣ аз густариши бӯҳрон мусоидат мекунанд, баррасӣ кунад. Дар ин ҳолат, ҳама вариантҳо қобили қабуланд. Аммо Русия ба фарқ аз Амрико, зердастонии аврупоии ИМА ва Исроил ҳамеша дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ва мувофиқи созишномаҳои дуҷониба амал мекунад. Бинобар ин мо фавран Пизишкиёнро дар Маскав интизорем.
https://sputnik.tj/20250619/rasonaho-eron-dah-poygoh-amriko-zarba-zanad-1068262536.html
https://sputnik.tj/20250619/oyatulloh-khomanai-amriko-millati-eron-taslim-1068244219.html
https://sputnik.tj/20250615/vazir-khorija-eron-shart-khatm-hamla-isroil-guft-1068142788.html
русия
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068158848_132:0:800:501_1920x0_80_0_0_19ff7f5fa384e61dfe213eeb253d2c16.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, сиёсат , исроил, сутуннигор
русия, эрон, сиёсат , исроил, сутуннигор
Маскав интизор аст: калиди ҷанги Исроилу Эрон дар дасти Русия аст
Рӯзҳои охир аҳли ҷаҳон бо таҳлука воқеаҳои Шарқи Наздикро тамошо мекунад ва ин бесабаб нест, чун ин воқеаҳо метавонанд ба даҳшати васеъмиқёси мислаш диданашуда ва барҳам хӯрдани тамоми низоми ҷаҳон биёранд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раҷаб Сафаров. Ҳамлаи рӯзи 13 июнро Эрон чунин интизор набуд. Дар Теҳрон аз чунин мантиқ арёбӣ мекарданд, ки Исроил бидуни ризоият ва ширкати мустақими Иёлоти Муттаҳида ҷуръати ҳамла карданро надорад, бахусус дар замони рафти музокироти фаъоли Амрикову Эрон.
Трамп тақрибан ҳар рӯз дар бораи имзои қарибулвуқӯъи як созишномаи таърихӣ байни ду кишвар изҳороти ҳаяҷоновар мекард.
Эрониҳо ҳарчанд ба Иёлоти Муттаҳида таърихан нобоварӣ доранд, аммо дар бораи давраи нави ҳамкориҳои Амрикову Эрон фикр мекарданд. Бо вуҷуди ин, онҳо фирефта шуданд.
Дар Эрон ҳеҷ шакке нест, ки маҳз Трамп ба Нетаняҳу барои таҷовуз чароғи сабз кушод. Масъала дар он аст, ки ин ҷанг барои ИМА ва Исроил муфид аст. Барномаи ҳастаии Эрон, албатта, ба он рабте надорад. Ҳамчунон ки Ғарб ба ҳуқуқ ва озодиҳои эрониён кам аҳамият медиҳад.
Он чизе, ки Ғарб аз он метарсад, суръати наздикшавии Теҳрон бо Маскав аст. Аз ин рӯ, тамоми талошҳо ба ҳар қимате барои қатъи ҳамкориҳои Эрон бо Русия равона шудааст ва инаш бошад, танҳо бо василаи низомӣ имконпазир аст.
Агар нақшаҳои тағйир додани ҳокимият дар Эрон, ки Исроил, ИМА ва Аврупо аллакай ошкоро эълон кардаанд, амалӣ шаванд, ин ба амрикоиҳо имкон медиҳад, ки назорати комили кишвар, аз ҷумла захираҳои бузурги энержиро ба даст оранд.
Илова бар ин, агар Амрико Теҳронро мутеъи худ созад, имкон пайдо мекунад, ки тамоми ҷаҳони ислом ва бахусус шоҳигариҳои Халиҷи Форсро маҷбур созад, ки садоқати бештар ишон диҳанд ва триллионҳо доллар пардохт кунанд, зеро танҳо бо ҳамин тарз ҳукмронии минбаъдаи онҳоро таъмин хоҳад кард. Ҳамчунин, дар зери назорати ИМА, Эрон ба зудӣ ба як рақиби ҷиддии иқтисодӣ ва геополитикии Русия табдил хоҳад ёфт.
Тағйири ҳокимият дар Эрон ҳаракати тектоникиро дар минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд меорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Калон зери таъсири нерӯҳои марказгурез қарор гирифта, маҷбур мешаванд, ки ба тарафи Иёлоти Муттаҳида рӯ оранд.
Эрони ғарбгаро раванди дур шудани Қазоқистон аз Русияро метезонад, ки метавонад боиси пайдо шудани даҳҳо пойгоҳҳои нави низомӣ ва садҳо тамрингоҳҳои гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар наздикии марз бо Русия шавад.
Айни замон саволи асосӣ ин аст, ки оё Вашингтон ба дахолати мустақими ҳарбӣ ворид мегардад? Эҳтимолияти ин ниҳоят баланд аст: Нетаняҳу ҷангро оғоз кардааст, аммо агар амрикоиҳо дахолат накунанд, нерӯяш ба зудӣ тамом мешавад.
Дар баробари ин, шубҳае нест, ки зердастони аврупоӣ онҳоро фаъолона дастгирӣ хоҳанд кард. Дар ин ҷо суоле дар бораи нақши Русия дар ин даргирӣ ба миён меояд. Аз як тараф, Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки диққати Маскав комилан ба амалиёти вижаи низомӣ нигаронида шудааст ва Русия барои Ховари Миёна вақт надорад.
Аз сӯйи дигар, бисёре аз сокинони Эрон ба кумак ва пуштибонии воқеъӣ ва шояд қатъии Русия умед мебанданд. Аммо Теҳрон то ҳол расман аз Маскав кумак дархост накардааст.
Як вақтҳо, президент Путин изҳор дошта буд, ки Эрон аз харидории низоми дифои зиддимушакии Русия, ки аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, худдорӣ карда буд.
Русия маъмулан дар бисёр масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба – тиҷорӣ-иқтисодӣ, низомию техникӣ ҳамчун ташаббускор баромад мекунад. Ба қавли раисиҷумҳури Русия, созишномаи ҷадиди стратегӣ миёни Русия ва Эрон ғояҳои дифоъӣ надорад ва онҳо маҳз аз он сабаб вуҷуд надоранд, ки эрониён дар ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи зиёд нишон надоданд.
Ноамн шудани Эрон ва бахусус тағйири ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар як хатари бунёдӣ ба манофеи стратегии Русия аст. Маскав омода аст вариантҳои мухталиферо, ки ба ҷилавгирӣ аз густариши бӯҳрон мусоидат мекунанд, баррасӣ кунад.
Дар ин ҳолат, ҳама вариантҳо қобили қабуланд. Аммо Русия ба фарқ аз Амрико, зердастонии аврупоии ИМА ва Исроил ҳамеша дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ва мувофиқи созишномаҳои дуҷониба амал мекунад. Бинобар ин мо фавран Пизишкиёнро дар Маскав интизорем.