https://sputnik.tj/20250620/tojikiston-qahramon-judo-jahon-se-medal-1068299752.html
Таърихсозии ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Таърихсозии ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Sputnik Тоҷикистон
Аз ин мусобиқа Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият то ҳол ҳамагӣ ду медал дошт. Ҳоло ҷудокорони тоҷик якбора се медалро ба хазинаи варзишии кишвар ворид карданд
2025-06-20T14:26+0500
2025-06-20T14:26+0500
2025-06-20T14:26+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қаҳрамонии ҷаҳон
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102845/48/1028454817_54:0:946:502_1920x0_80_0_0_98f0216a960879084a290f96b729358e.png
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тоҷикистон бо дастоварди бузург Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро ҷамъбаст кард. Ҷудокорони тоҷик таърихсозӣ карда, ба хазинаи варзишии кишвар аз ин мусобиқаи баланд якбора се медал оварданд.Акнун ба ду медали биринҷӣ, ки Расул Боқиев дар соли 2007 ва Сомон Маҳмадбеков дар соли 2024 гирифта буданд, боз як медали нуқра ва ду биринҷӣ зам шуд.Барандагони нишонҳои нави Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ва Темур Раҳимов мебошанд.Бояд гуфт, аввалин медали нуқраро дар таърихи ҷудои тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ соҳиб шуд.Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз ҳисоби медалҳо: 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни 93 кишвари иштирокчӣ мақоми 7-умро касб намуд. Ҷопон бо 14 медал мақоми аввал, Федератсияи ҷаҳонии ҷудо бо 5 медал дуюм ва Италия бо 2 медал, ки ҳардуяш тилоянд сеюм шуданд.Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, шаби 20 ба 21 июн варзишгарони тоҷик бо дастовардҳои таърихӣ аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон тариқи хатсайри Будапешт - Истамбул -Душанбе ба Тоҷикистон бармегарданд.
https://sputnik.tj/20250615/tarikhsozi-judokoron-tojik-qahramoni-jahon-1068141922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102845/48/1028454817_204:2:884:512_1920x0_80_0_0_c82565d77c3d04654ea678b0158e4fb9.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон тоҷикистон медал
қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон тоҷикистон медал
Таърихсозии ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Аз ин мусобиқа Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият то ҳол ҳамагӣ ду медал дошт. Ҳоло ҷудокорони тоҷик якбора се медалро ба хазинаи варзишии кишвар ворид карданд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тоҷикистон бо дастоварди бузург Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро ҷамъбаст кард. Ҷудокорони тоҷик таърихсозӣ карда, ба хазинаи варзишии кишвар аз ин мусобиқаи баланд якбора се медал оварданд.
Акнун ба ду медали биринҷӣ, ки Расул Боқиев дар соли 2007 ва Сомон Маҳмадбеков дар соли 2024 гирифта буданд, боз як медали нуқра ва ду биринҷӣ зам шуд.
Барандагони нишонҳои нави Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ва Темур Раҳимов мебошанд.
Бояд гуфт, аввалин медали нуқраро дар таърихи ҷудои тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ соҳиб шуд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз ҳисоби медалҳо: 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни 93 кишвари иштирокчӣ мақоми 7-умро касб намуд.
Ҷопон бо 14 медал мақоми аввал, Федератсияи ҷаҳонии ҷудо бо 5 медал дуюм ва Италия бо 2 медал, ки ҳардуяш тилоянд сеюм шуданд.
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, шаби 20 ба 21 июн варзишгарони тоҷик бо дастовардҳои таърихӣ аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон тариқи хатсайри Будапешт - Истамбул -Душанбе ба Тоҷикистон бармегарданд.